Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд
Август 25
14:40 2021

Имрӯз, 25 августи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонки мазкур дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Татяна Проскурякова мулоқот намуд.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода меҳмононро ба вазорат хайрамақдам намуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа ба Бонки ҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Тавре зикр гардид, Бонки ҷаҳонӣ яке аз шарикони муҳими вазорат ба шумор меравад, ки  то ба имрӯз дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати химзатрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат корҳои муҳиму назаррасро ба анҷом расонидааст. Махсусан, дастгириҳои ин Бонк дар давраи пандемияи  COVID-19 ба соҳаи тандурустии мамлакат назаррас арзёбӣ карда шуданд.

Инчунин, дар мулоқот Намояндаи навтаъйини Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли муаррифӣ карда шуд.

Дар навбати худ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли мамлакат Озан Севимлиро барои ба ин вазифаи пурмасъулият таъйин гардиданаш табрик намуда, ба кору фаъолияти минбаъдаи номбурда барору муваффақият орзу намуд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ва густариши онҳо мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 907
  • 1,242
  • 949,927