Субҳи имрӯз, 28 августи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” намоиши маҳсулоти истеҳсолии Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз намоишгоҳи мазкур дидан намуд.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсолии заводи мазкур ба маърази тамошо гузошта шуд, ки ҳадаф аз он-боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхона ба шумор меравад.
Маврид ба зикр аст, ки дар мамлакат бо мақсади таъмин намудани маъюбон бо маҳсулоти протезию ортопедӣ, ортезҳо, пойафзолҳои ортопедӣ, пойафзолҳои махсуси ортопедӣ, камарбанд, асо, асобағал, асо то оринҷ, аробачаи маъюбӣ ва ғайраҳо Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд фаъолият менамояд.