30 августи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Роҳбари Хадамоти федералии назорат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон “Роспотребнадзор” –и Федератсияи Россия Анна Юрьевна мулоқоти онлайнӣ анҷом дод.
Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Федератсияи Россия, хосатан ба Хадамоти федералии назорат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон “Роспотребнадзор” –и ин кишвар барои кӯмак расонидан дар давраи пандемияи COVID-19 ба Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён дошта, инчунин, номбурда аз ҳамкориҳои дуҷонибаи вазорат бо Хадамоти мазкур изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ҳамзамон, дар мулоқот масъалаҳои табодули таҷрибаи табибони ду кишвар дар самти ташхису табобат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан, бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 ва дигар бахшҳои соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуданд.