Имрӯз, 3 сентябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии идона доир гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Баъдан вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо сухани табрикотӣ баромад карда, кулли кормандони соҳаи тиб ва тамоми шаҳрвандони мамлакатамонро ба фарорасии ҷашни муқаддаси Ватани азизамон-30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику шодбош намуда, баҳрашон сиҳатмандиву комгорӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно намуд.
Дар идомаи суханронии хеш номбурда аз муваффақиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикисон дар даврони истиқлолят дар самтҳои гуногун, махсусан дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуда, иброз намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи мазкур дар мамлакат ба таври бесобиқа рушд намуда, ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардид.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни сухани табрикотии хеш кормандони соҳаи тибби кишварро ба ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шодбош намуда, ҳамзамон аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ба соҳаи тандурустӣ дар даврони истиқлолият ёдовар шуд.
Қайд гардид, ки дар баробари дигар бахшҳо давоми 30-соли соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ дар мамлакат низ рушду пешрафт намуда, баҳри таъмини солимии аҳолӣ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба як қатор кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба як нафар Ордени Шараф дараҷаи 1, ба 13 нафар медали Хизмати шоиста ва ба 6 нафар унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон тақдим карда шуд.