Паёми табрикотии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳрии Тоҷикистон

Паёми табрикотии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳрии Тоҷикистон
Сентябр 08
18:53 2021

Ҳамватанони гиромӣ, ҳамкасбони азиз!

Бо истифода аз фурсат тамоми шаҳрвандони мамлакатро ба ҷашни муқаддаси Ватани азизамон-30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику шодбош намуда, сиҳатмандиву комгорӣ ва муваффақиятҳои беназирро ба баҳратон таманно дорам.

Боиси сарфарозии ҳар як сокини Тоҷикистон аст, ки мо ҷашни бузурги миллиамон-Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу ором ва тинҷиву сарҷамъӣ таҷлил менамоем.

Дар ин росто, қобили зикр аст, ки давоми 30 соли истиқлолият маҳз дар натиҷаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Роҳбарияти олии кишвар соҳаи тандурустӣ дар мамлакат рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардид.

Мусаллам аст, ки пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағгузорӣ вобастагии зиёд дорад. Дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ворид намудани шаклҳои нави маблағгузории ба замони ҳозира мутобиқгашта, самти афзалиятноки соҳа эълон шудааст.

Дар ин замина, буҷети соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар 30 соли истиқлолият аз 956 ҳазор сомонӣ ба 2 миллиарду 350 миллиону 369 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 1992-2458 маротиба зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар ин давра маҳз дар натиҷаи таваҷҷуҳи махсуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон музди маоши кормандони соҳаи тандурустӣ аз 3 сомонӣ ба 1253 сомонӣ расонида шуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ теъдоди муассисаҳои тиббӣ 60% ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвар 3,5 маротиба зиёд шуда, дар кишвар 2549 муассисаи нави тиббӣ бунёд ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шуданд, ки аксарияти онҳо бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтанд.

Баъзе дастгоҳу таҷҳизотҳои гаронарзише, ки барои ташхису табобати беморон бениҳоят заруранд, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ангуштшумор, аз ҷумла шумораи бархеи онҳо 2 ва ё 3 ададро ташкил медод.

Имрӯз аз баракати истиқлол ва дастгирии Роҳбарияти олии мамлакат дар кишвар бо дарназардошти муассисаҳои хусусии тиббӣ 41 адад дастгоҳҳои томографияи компютерӣ ва магнитию резонансӣ мавҷуд буда, дар соли 2021 инчунин 13 адад таҷҳизоти мазкур дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ насб карда шуданд.

Ҳамзамон, феълан дар ҷумҳурӣ 67 адад дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ, зиёда аз 170 адад дастгоҳи рентгении рақамӣ, зиёда аз 40 адад дастгоҳи поксозии хун (гемодиализ), 14 адад дастгоҳ барои майда кардани санги гурда (литотриптор), 9 адад дастгоҳи рентгенӣ барои ташхиси ғадуди ширӣ (маммограф), 8 адад таҷҳизоти ташхиси нурии дилу рагҳо (ангиограф) ва 5 адад дастгоҳи ташхисиву табобатӣ дар самти бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ (ЛОР-комбайн) ва дигар таҷҳизоти муосир фаъолият доранд.

Дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёду азнавсозӣ, дастрасӣ ба таҷҳизотҳои замонавӣ ва умуман фароҳам овардани шароити хуби корӣ буд, ки имрӯз табибони кишвари мо ба як қатор дастовардҳо дар ҷодаи ташхису табобат шарафёб гаштаанд.

Махсусан, дар ин давра дар муассисаҳои тиббии мамлакат як қатор амалиётҳои муосири ҷарроҳӣ, аз ҷумла бартарафнамоии нуқсонҳои вазнини модарзодии дил, ҷарроҳиҳои мураккаби дилу рагҳо ва ғайра роҳандозӣ карда шуданд. Инчунин, дар кишвар манъ кардани хунравӣ аз бачадон бо роҳи эмболизатсия (бе амали ҷарроҳӣ), ивазкунии буғумҳо, пайвандсозии узвҳо, аз қабили гурда, ҷигар, мағзи устухон, бе амалиёти кушодаи ҷаррроҳӣ гирифтани сангҳои гурда ва роҳҳои пешоб махсусан дар занҳои ҳомила, гирифтани ҳипофизи мағзи сар бо усули навтарин тавассути сурохии бинӣ бо дастгоҳи эндоҷарроҳӣ ва дигар амалиётҳое, ки қаблан барои анҷоми онҳо сокинони кишвар ба давлатҳои хориҷ мерафтанд, амалӣ карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар як қатор барномаҳои соҳавӣ ба тасвиб расиданд, ки барои беҳтар шудани нишондодҳои солимии аҳолӣ нақши бориз гузоштанд. Аз ҷумла дарозумрии миёнаи шаҳрвандони мамлакат 5,2 сол зиёд шуда, шумораи ташрифҳои амбулаторӣ 27%, беморшавии аввалия бо бемориҳои системаи хунгардиш 3, узвҳои нафаскашӣ 3,8, осеббардорӣ 6,5 саратон 1,36 ва сил бошад мутаносибан 2,7 маротиба кам шудааст.

Инчунин, дар ин давра дар кишвар фавти кӯдакони синни то 1, 3 ва 5 сола 3,2 ва фавти модарон 3,7 маротиба коҳиш ёфтааст.

Солҳои соҳибистиқлолӣ сатҳи бемориҳои сироятӣ, аз қабили сухтанӣ, ҳорӣ, лептоспироз ва дигар бемориҳои аз ҳайвонот гузаранда идорашванда гардида, бемориҳои ниҳоят хавфнок ба қайд гирифта нашудаанд.

Инчунин, фаро гирифтани сокинони мамлакат ба ташхиси ВНМО дар соли 2019 нисбат ба соли 2010-5 маротиба, бемориҳои домана нисбат ба солҳои 1991-1999-600 маротиба, бемориҳои буғумдард нисбат ба солҳои 1994-2009-16 маротиба, осебдидагон аз газидани ҳайвонот 13,5 маротиба, ҷамъи беморҳои шадиди руда 60% ва сил 40% кам ба қайд гирифта шудаанд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар давраи соҳибистиқлолӣ барои табибони мамлакат аз ҳама соли мушкил-ин соли 2020 ба шумор меравад. Зеро, дар ин сол дар олам бемории ҷадиде бо номи коронавирус пайдо гардида, кори табибонро боз ҳам мушкилтар намуд. Бо дарназардошти вазъият, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи озмоишгоҳҳои вирусологӣ аз 5 адади фаъол то ба 16 адад расонида шуд, ки дар онҳо 24 адад дастгоҳи таҷзияи занҷираи полимеразӣ насб карда шудаанд. Аз он, ки табибони кишвар дар сафи пеши мубориза бо ин беморӣ қарор доштанд, талош ва меҳнати шабонарӯзии ин қишри ҷомеа аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин давра ба буҷети соҳа иловатан 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, теъдоди катҳо барои табобати гирифторони сирояти макзур, маводҳои доруворӣ, таҷҳизотҳо, молҳои тиббӣ ҷудо ва дастрас карда шуданд. Ҳамин кӯмаку дастгириҳои Ҷаноби Олӣ буд, ки мо имкон ёфтем вазъи эпидемиологиро дар кишвар идорашаванда нигоҳ дорем.

Боиси қайд аст, ки нисбати дигар кишварҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фавт аз бемории коронавирус ба маротиб кам мебошад. Аз оғози бақайдгирӣ теъдоди беморони коронавирус дар мамлакат то ба ҳолати 1 сентябри соли равон 16 ҳазору 884 нафар ва теъдоди солимшудагон 16 ҳазору 742 нафарро ташкил дода, хушбахтона, шурӯъ аз моҳи август шиддати сироятбӣ ба ин беморӣ коҳиш ёфтааст, ки нисбат ба моҳи июл 20% кам гардидааст.

Бояд қайд кард, ки бори аввал Президенти кишвар муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон 18 августи соли 2020 бо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат мулоқот анҷом дода, бисёре аз онҳоро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида, доир ба муътадил гардидани вазъи бемории коронавирус ба кормандони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамин буд, ки табибони кишвар бо як дилгармӣ ва масъулиятшиносии баланд алайҳи ин беморӣ муборизаи дастаҷмамъӣ бурданд. Бояд гуфт, ки ин мулоқот дар хотири кормандони соҳаи тандурустии кишвар ҳамчун як воқеаи таърихӣ боқӣ хоҳад монд.

Дар маҷмӯъ, метавон хулоса кард, ки давоми 30-соли Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бемайлони тамоми бахшҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъмин карда шуданд.

Бори дигар ин ҷашни фархундаро ба ҳар кадоми Шумо сидқан муборакбод менамоям.

Зинда бод, Сулҳу Ваҳдат, Истиқлолият ва ҳамдиливу ҳаммаромии миллати тоҷик!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 1,042
  • 1,242
  • 950,062