Санаи 15 сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байнисоҳавӣ оид ба татбиқи “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2024”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2020 таҳти №272 тасдиқ гардидааст, баргузор гардид.
Гуфта мешавад ҳадаф аз баргузории ҷаласаи навбатӣ натиҷагирӣ аз фаъолияти муассисаҳо ва татбиқи босамари “Барномаи миллии комуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” мебошад.
Дар кори чорабинӣ сардорони раёсат ва намояндагони муассаҳои тандурустӣ, ки самти фаъолияташон ба солимии модару кӯдак, тарзи ҳаёти солим, қоидаҳои беҳдоштӣ ва ғ равона шудааст, иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар Барномаи мазкур имкониятҳои асосӣ барои тағйири рафтор дар давраи ҳомиладорӣ, яъне аз рӯзи аввали ҳомиладорӣ то таваллуди кӯдак, ҳафтаи аввали ҳаёт (то 7-рӯзагӣ), 40 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак (8-40 рӯзагӣ), 6 моҳи аввали ҳаёти кӯдак (аз 1 то 6 моҳагӣ) аз 6 то 24 моҳи аввали ҳаёти кӯдак мушаххас шарҳ дода шудааст.
Барномаи мазкур барои мутахассисоне пешбинӣ шудааст, ки дар таҳия ё амалисозии барномаҳои тандурустӣ, ғизо ё беҳдошти санитарии кӯдакон дар Тоҷикистон нақше доранд, алалхусус, барои мутахассисоне, ки бо доираҳои осебпазиртарини ҷомеа кор мекунанд, вобастагии бештар дорад.