Рафти иҷроиши барномаҳои соҳавӣ таҳлил ва баррасӣ гардид

Рафти иҷроиши барномаҳои соҳавӣ таҳлил ва баррасӣ гардид
Сентябр 25
14:52 2021

Имрӯз,  25 сентябри  соли равон дар Муассисаи давлатии  “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода,  ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Дар ҷаласа 4 масъала-“Рафти амалисозии нақша-чорабинии “Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022”, “Баррасии масъалаҳои алоқаманд ба хизматрасониҳо дар самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ҷумҳурӣ. Мушкилот ва роҳҳои ҳалли он”,  “Дастовардҳо ва мушкилиҳо дар самти пешгирии интиқоли ВНМО аз модар ба кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то 30.06.2021”, “Ҷараёни амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, №146, “Дар бораи тартиби экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ”, “Вазъи иммунизатсияи маъюбони аз синни 18-сола боло дар сатҳи шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” ва “Иҷроиши барномаҳои миллӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Доир ба мавзӯи якуми ҷаласа, яъне “Рафти амалсозии нақша-чорабинии «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022» директори Маркази миллии солимии репродуктивӣ Мунира Ғанизода  баромад намуд.

Тавре зикр гардид, Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №326 тасдиқ шудааст.

Барномаи мазкур аз 8 боб иборат буда, барои рушди устувори солимии репродуктивӣ, тарғиби раванди танзими оила, солимии модарон, кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, тарбияи ахлоқи ҷинсӣ, таҳияи маводи иттилоотӣ-маърифатӣ, тарғиби танзими оила дар байни аҳолӣ, дастрасии сифатноки маводҳои ҳозиразамони пешгирикунандаи ҳамли номатлуб, таъминоти молиявии соҳаи тандурустӣ ва барои  баланд бардоштани дониш ва маърифатнокии тамоми мутахасисони соҳаи тандурустӣ ва аҳолӣ оид ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ равона гардидааст.

Номбурда доир ба ҳадаф ва мақсади барномаи мазкур суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки то имрӯз ҷиҳати амалисозии барномаи мазкур як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд, ки дар ин самт фаъолият боз ҳам пурзӯр карда шудааст.

Ҳамзамон, вобаста ба татбиқи босамари барномаи мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Вобаста ба “Баррасии масъалаҳои алоқаманд ба хизматрасониҳо дар самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ҷумҳурӣ. Мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” муовини сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Олимов Давлатмурод баромад кард.

Гуфта шуд, ки Ёрии таъҷилии тиббӣ-ин намуди хизматрасонии фаврии тиббӣ  дар марҳилаи тобистарикунонӣ ба ҳисоб рафта, ҳолатҳои фаврӣ (то 15 дақиқа) ва таъҷилӣ (то 1 соат) дар бар мегирад.

Айни замон фаълияти соҳаи мазкурро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли  2030, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқ намудани сохтори ташкилии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС)” аз 31.12.2002, №525, фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди рушди соҳаи ёрии таъҷилии тиббӣ дар марҳилаи тобистарикунонӣ» аз 28.01.10, №33 ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.02.14, таҳти №53 “Дар бораи тасдиқ ва ворид намудани дастурҳои клиникӣ ҳангоми расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ (марҳилаи тобистаринамоӣ)” ба танзим медароранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар миқёси ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 2 Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дорои катҳои бистарикунонӣ (ш.Душанбе ва ш.Кӯлоб), 5 марказҳои мустақили ЁТТ, 2 стансияҳои мустақили ёрии таъҷилии тиббӣ, 59 шуъбаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ (бо 50 нуқтаҳои ЁТТ) ва 14 зерстансияҳои ёрии таъҷилии тиббӣ аҳолиро бо хизматрасонии тиббии таъҷилӣ таъмин намуда истодаанд.

Бояд гуфт, ки  давоми 2 соли охир дар ҷумҳурӣ 1 бинои маркази ЁТТ бунёд гардида (стансияи ЁТТ ш.Хоруғ), бинои 18 адад марказҳои ЁТТ аз таъмир бароварда шудаанд.

Гуфта шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давоми соли 2020 ва 9 моҳи соли 2021 барои беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, дастрасии аҳолӣ ба ёрии таъҷилии тиббӣ 72 адад нақлиётҳои ёрии таъҷилии тиббӣ ба муассисаҳои тандурустии кишвар дастрас карда шудаанд.

Қайд гардид, ки давоми 9 моҳи соли 2021 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор муассисаҳои табобатию пешгирии ҷумҳурӣ таҷҳизот, дастгоҳ ва асбобу лавозимотҳои муосир, инчунин мебелҳои тиббӣ дастрас карда шуданд. Бояд зикр намуд, ки аксарияти ин таҷҳизотҳо барои ҳуҷраҳои табобати шиддатнок ва шуъбаҳои эҳёгарӣ пешбинӣ гардида, барои саривақт расонидани кӯмаки эҳёгарӣ ҳангоми дастрас намудани беморони ҳолаташон вазнин, назорати вазъи саломатии онҳо пешбинӣ шудаанд.

Дар идома масъалаву мушкилоти соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати беҳтар намудани ёрии аввалияи тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар идома “Оид ба дастовардҳо ва мушкилиҳо дар самти пешгирии интиқоли ВНМО аз модар ба кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то 30.06.2021” директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди   бемории ВНМО Рустам Нуров маълумот дод.

“Вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) дар давоми 40 соли охир ба яке аз мушкилоти асосии аҳли сайёра табдил  ёфтааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин мушкилот бетараф нест.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти хеш оиди пешгирӣ ва мубориза ба эпидемияи ВНМО ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳими Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳидро, ки ба пурзӯр намудани фаъолиятҳо баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 дар ҷаҳон равона гардидаанд ва яке аз бахшҳои муҳим дар чаҳорчубаи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошанд, ҳамаҷониба эътироф намуда, дастгирӣ менамояд. Бо мақсади амалӣ намудани маҷмуи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ), пешгирии паҳншавии сироятпазирии вируси норасоии масунияти одам, кам кардани таъсири мубталошавӣ ба беморӣ, расонидани ёрии тахассусии тиббӣ ба шахсони мубталои ВНМО/БПНМ ва сабук гардонидани оқибати он барои ҳар як нафар ва тамоми аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва озодиҳои инсон шурӯъ аз соли 1997 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО/БПНМ қабул ва тадбиқ мегарданд”,-иброз дошт номбурда.

Маврид ба зикр аст, ки давоми 30 соли соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар 7 барнома ва нақшаҳои стратегӣ дар самти муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам қабул карда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки бо назардошти вазъи ҷории эпидемиологии ВНМО/БПНМ, баҳодиҳии натиҷаҳои фаъолияте, ки дар доираи барномаи қаблӣ ба даст омадаанд, таҳлили дарсҳои омӯхта ва душвориҳои ба амаломада оид ба муқовимат бо эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳо таҳия гардида, онҳо самтҳои афзалиятнокро бо мақсади таъмини дастрасии васеъи аҳолӣ ба хизматрасониҳо вобаста ба ВНМО/БПНМ ва дар умум беҳтар намудани саломатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегиранд.

Чунончӣ, дар Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2021, №50 қабул гардидааст, яке аз масъалаи муҳими он-ин пурзӯр намудани чораҳо оид ба пешгирии интиқоли ВНМО аз модар ба кӯдак ҳамчун як самти афзалиатноки барнома ҷудо карда шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани дарёфту муайянсозии занони ҳомилаи сироятёфтаи ВНМО ва пешгирии интиқоли ВНМО аз модар ба кӯдак аз соли 2008 инҷониб протоколҳои клиникӣ мунтазам ба тасвиб мерасанд. Протоколи клиникии амалкунанда аз 09.03.2017, №132 аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.

Таҳлили маълумоти омории Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки вазъи эпидемиологии сирояти ВНМО дар байни кӯдакони аз модарони мубталои ВНМО таваллудшуда дар ҷумҳурӣ тадриҷан ба танзим даромада, сатҳи паҳншавӣ бо роҳи гузариш аз модар ба кӯдак сол аз сол кам шуда истодааст.

“Вобаста ба ҷараёни амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, №146 “Дар бораи тартиби экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ” сардори Хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоӣ Шералӣ Амиршозода  ҳисобот дод.

Қайд гардид, ки масъалаҳои экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ, аз ҷумла тартиби фаъолияти комиссияҳои машваратию табибӣ, тартиби додани варақаи корношоямӣ ҳангоми беморӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, пур кардани варақаи корношоямӣ, додани маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ тибқи қарори мазкур ба танзим дароварда мешаванд.

Доир ба “Вазъи иммунизатсияи маъюбони аз синни 18-сола боло дар сатҳи шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед баромад намуд.

Инчунин, дар робита ба иҷроиши барномаҳои миллӣ сартабибони беморхонаҳои марказӣ ва роҳбарони шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, пурзӯр намудани корҳои ободониву созандагӣ, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 959
  • 1,242
  • 949,979