Шоми 5 октябр дар шаҳри Хуҷанд вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазъи саломатии Мавзунахони 8 сола, ки дар пайи муноқишаи оилавӣ ҷароҳат бардоштаву дар беморхона бистарӣ гардидааст, шинос шуд.
Аснои боздид Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти табобати номбурда шинос гардида, ҷиҳати расонидани хизматрасонии саривақтӣ ба ҷабрдида ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон вазъи саломатии Мавзунахони 8 сола муътадил буда, он зери назорати махсуси табибон қарор дорад.
Дар навбати худ Ҷамолиддин Абдуллозода бо Мавзунахони 8 -сола сӯҳбат намуда, таъкид дошт, ки табобати ин духтар пурра аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ройгон ба роҳ монда хоҳад шуд.