“Дастурамали ташрифи хонаводаҳо” мавриди истифода қарор гирифт

“Дастурамали ташрифи хонаводаҳо” мавриди истифода қарор гирифт
Октябр 07
13:38 2021

Дар доираи маблағгузории иловагӣ аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” “Дастуруамали ташрифи хонаводаҳо”-ро дар 1100 нусха аз чоп бароварда, дастраси  мутахассисон гардонид. Ин Дастурамал ҳамчун раҳнамои танзимкунандаи фаъолияти табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои оилавӣ, ки ташрифи хонаводагиро  ба ӯҳда доранд ва дар шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарииноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳафаъолият мекунанд, пешниҳод шуд.

Мутахассисони Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар ноҳияиҳои Данғара, Ёвон, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ, Қабодиён, Кушониён, Кулоб, А.Ҷомӣ ва Мир Саид Алии Ҳамадониии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Зафаробод ва Деваштичи вилояти Суғд, ноҳияи Дарвози ВМКБ ва ноҳияи Файзобод бо иштироки беш аз 300 нафар роҳбарони  марказҳои саломатии деҳот ва роҳбарони муассисаҳои шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ин ноҳияҳо даврҳои бозомӯзиро оид ба истифодаи дурусти ин Дастурамал гузарониданд.

Зимни вохуриҳо мутахассисон дар хусуси тартиби пардохти  иловапулиҳо ва роҳҳои дурусти истифодаи онҳо барои рушди сохтор дар маҳалҳо, роҳу усуслҳои  самараноки дастгирии кормандони соҳа, ба хусус кормандони миёнаи тиб дар сатҳи деҳот маслиҳату машваратҳо доданд. Ба хусус зикр карда шуд, ки минбаъд таваҷҷӯҳи бештар ба ташрифҳои хонагӣ (патронаж) аз ҷониби кормандони тиб дода мешавад. Баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, ҷалби бештари онҳо барои ҳифзи саломатии худу аҳли хонавода, таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намудан ва фаъолияти муассисаҳои тиббӣ дар маҳалҳо ва тарғиби  ташаккули тарзи ҳаёти солим яке аз самтҳоест, ки  бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад. Тибқи Дастурамали нав кормандони тиб аз руи 7 нишондиҳандаи миқдориву сифатӣ дастгирӣ хоҳанд ёфт, ки яке аз онҳо кор бо ханаводаҳост. Ташрифи бештар ва босифат ба хонаводаҳо барои огаҳии ҳамешагӣ доштани кормандони тиб аз вазъи сиҳатии ҳар як аъзои хонавода ва пешгириии бемориҳо, ҳамчунин табобати саривақтии онҳо мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин,Лоиҳа барои  баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, расонидани маълумоти бештар оид ба доираи хизматрасониҳо дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, муроҷиати саривақтӣ ба марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббии дар деҳот фаъолиятдошта, маводҳои иттилоотиро оид ба хизматрасониҳои тиббӣ ва тарзи дурусти муроҷиати шаҳрвандон, пешниҳоди талабу дархост ва арзу шикоят,таҳияву нашр намуда, дастраси аҳолӣ гардонид.

Дар баробари ин, аз ҷониби Лоиҳа бо мақсади бақайдгирии тамоми аҳолии ба муассисаҳои тиббии Лоиҳа вобасташуда, роҳандозии кортҳои бақайдгирии хонаводаҳо ва ҳар як аъзои оила ба роҳ монда шуда, барои дастгирии кормандони соҳа онҳоро бо  шаклҳои бақайдгирӣ пурра таъмин намуд.

Ёдовар мешавем, ки  Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ, аз соли 2013 ба фаъолият шурӯъ карда, ҳадафи асосии он такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) дар муассисаҳои тиббии деҳот ба аҳолии  ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ ва НТМ, тавассути усулҳои муосири маблағгузории соҳаи тандурустӣ,  асосан “Маблағгузорӣ дар асоси  натиҷаҳои фаъолият” (МАНФ), бо ҳамбастагӣ дар такмили иқтидори кадрӣ, ҳолати инфрасохтор ва  заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС мебошад. Ҳавасманд намудани кормандони  муассисаҳои тиббӣ, барои беҳтаргардонӣ, фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои  КАТС, зиёд намудани пардохтҳо барои кормандони тиб, ҷиҳати  пешгирии пардохтҳои ғайрирасмӣ  ва баланд бардоштани  масъулияти онҳо барои натиҷаҳои ниҳоӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои дарпешгузоштаи Лоиҳа буд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 715
  • 1,242
  • 949,735