Мизи мудаввар бо иштироки табибони Қазоқистон дар самти ҷори намудани усулҳои нави ҷарроҳӣ

Мизи мудаввар бо иштироки табибони Қазоқистон дар самти ҷори намудани усулҳои нави ҷарроҳӣ
Октябр 09
11:30 2021

Имрӯз, 9 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ҷиҳати ба роҳ мондани тарзи табобати ҷарроҳии рентгенэндоваскулярӣ ба беморони гирифтори бемориҳои рагҳои хунгарди мағзи сар (анвермиза, малформатсия, сактаи мағзи сар ва ғайраҳо) дар кишвар мизи мудаввар баргузор гардид,  ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, роҳбари Беморхонаи марказии клиникии шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон Бердихоҷаев Мынжылкы Сайлауович ва мудири шӯъбаи ҷарроҳии асаби ин муассиса Марат Саршаев,  Сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ оид ба ҷарроҳии рагҳои хунгард, Аъзои вобастаи АМИТ, д.и.т., профессор Алиҷон Ғоибзода, роҳбарият ва доираи васеи кормандони муассисаи мазкур  иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода нахуст меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам намуда, ташрифи онҳоро барои табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар самти ҷорӣ намудани усулҳои нави ҷарроҳӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Қайд гардид, ки ҳамкориҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон имрӯз дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, самараи нек дода истодаанд, ки ташрифи табибони ин кишвар ба Тоҷикистон идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаи вазоратҳои тандурустии мамлакатҳои мазкур ба шумор меравад.

Дар идомаи мизи мудаввар мутахассисони ду кишвар ҷиҳати ба роҳ мондани тарзи табобати ҷарроҳии рентгенэндоваскулярӣ ба беморони гирифтори бемориҳои рагҳои хунгарди мағзи сар (анвермиза, малформатсия, сактаи мағзи сар ва ғайраҳо)  дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,059
  • 1,242
  • 950,079