Омӯзиши вазъи хизматрасонии тиббӣ дар самти эндоҷарроҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Омӯзиши вазъи хизматрасонии тиббӣ дар самти эндоҷарроҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
Октябр 19
10:46 2021

Бо мақсади таъмини дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасонии баландихтисос, аз ҷумла дар самти эндоҷарроҳӣ, омӯзиши вазъи хизматрасонии тиббӣ дар соҳаи эндоҷарроҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тибқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ иборат аз табибони эндоҷарроҳ ва  сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва ба шаҳру навоҳии вилояти мазкур сафарбар карда шуд.

Гурӯҳи корӣ аз 14 то 16 октябри соли равон вазъи хизматрасонии тиббӣ дар самти эндоҷарроҳиро дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (новобаста аз шакли моликият) мавриди омӯзиш қарор дод.

Аснои боздид аз муассисаҳои тиббӣ гурӯҳи корӣ бо вазъи соҳаи эндоҷарроҳӣ, аз ҷумла таҷҳизотҳои тиббӣ шинос шудаву бо мутахассисони соҳа суҳбат намуда, доир ба пешрафти соҳа ба онҳо тавсия ва маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 972
  • 1,242
  • 949,992