Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази табобати дандонро дар маркази деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ифтитоҳ намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази табобати дандонро дар маркази деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ифтитоҳ намуданд
Октябр 21
10:28 2021

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Кангурт Маркази табобати дандонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо дарназардошти талаботи зиёди аҳолӣ ба табобати дандон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Маркази табобати дандон дорои шароити муосири хизматрасонӣ буда, дар он табибони соҳибмалака ба кор ҷалб гардидаанд. Барои хизматрасонӣ ба ниёзмандон дар иншоот дастгоҳҳои муосири тиббӣ васлу насб гаридаанд ва дар як вақт дар ду ҳуҷраи корӣ ба ниёзмандон хизмат расонида мешавад.

Дар марказ ташхиси ултрасадоии дандон, гирифтани қолаб барои омодасозии дандон ва муоинаи решаву вазъи дандон роҳандозӣ шудааст.

Ҳамчунин минбаъд кандани дандон, шинонидани дандони нав, тозакуниву табобати бемориҳои гуногуни вобаста ба дандон дар ҳамин ҷо амалӣ карда мешавад.

Зимни боздид иброз гардид, ки дар Маркази нави табобати дандон 5 нафар соҳиби ҷойи кор гардида, дар ошёнаи дуюми иншоот барои табибон манзили истиқоматӣ бо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Марказ дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Роҳбарияти олии мамлакат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Манучеҳр Шарифов сохта шудааст.

Намои берунаи бино бо усули муосири меъморӣ бунёд гардида, атрофи он мутобиқ ба талаботи замон сабзкорӣ карда шудааст ва ҳудуди иншоотро дарахтони ороишиву сояафкан зинат медиҳанд.

Аснои боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони марказ дастур доданд, ки ба сокинони ноҳияву дигар ниёзмандон бо сифати баланд ва бо назардошти қоидаҳои санитарӣ хизмат расонида, имконоти фароҳамовардашударо самаранок истифода баранд.

https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/albums/72157720053557876

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 730
  • 1,242
  • 949,750