Имрӯз, 29 октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо Миссияи Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии татбиқи Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон”(TEC-19)-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба татбиқи лоиҳаи мазкур дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мубодилаи афкор намуданд.
Тавре зикр гардид, дар доираи лоиҳаи мазкур ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар самти татбиқи лоиҳаи мазкур як қатор корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкориҳо ҳавасмандии хешро иброз намуданд.