Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ноябр 05
10:42 2021

Имрӯз, 5 ноябри соли равон бахшида 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи  Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони кишварро бахшида ба ин ҷашни барои кишвари азизамон муҳиму тақдирсоз табрик ва муборакбод намуда, ба хонадони ҳар кадоми онҳо бахту иқболи баланд ва саодати рӯзгор таманно намуд.

Гуфта шуд, ки боиси фараҳмандӣ аст, ки ҳамасола дар саросари ҷумҳурии азизамон ин санаи муҳиму тақдирсоз бо тантана таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин сана бори дигар шаҳрвандони мамлакатро водор месозад, ки ба таърихи миллати хеш назар афкананд  ва аз таърихи пайдоиши ин ҷашн огоҳӣ пайдо намоянд.

Зикр гардид, ки барои кишвари мо Рӯзи қабули Конститутсия яке аз санаҳои басо муҳим ба шумор меравад. Чун ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз дар Тоҷикистон замоне қабул гардид, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Бинобар ин, барои барқарор намудани сулҳу оромӣ, ваҳдати комил, ҳифзи якпорчагии марзу буми мамлакат ва муайян намудани заминаҳои ҳуқуқии рушди тамоми  соҳаҳои кишвар зарурати қабули Конститутсия пеш омад.

Бо қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз таъмини волоияти қонун ва рушди тамоми соҳаҳо дар Тоҷикистон таъмин гардида, баҳри пешрафти самтҳои гуногуни ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: “Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад”.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмону ташкилот ва давлатҳои абарқудрати олам яке аз беҳтарин конститутсияҳо эътироф гардидааст, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустии кишвар чорабиниҳои идона баргузор гардида истодаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 955
  • 1,242
  • 949,975