Имрӯз, 15 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи Ҳилтони шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи Лоиҳаи “Баланд бардоштани сифати кӯмаки беморхонавӣ вобаста ба паст намудани фавти модарон, навзодон ва кӯдакон ҷиҳати ноил гаштан ба мақсадҳо дар доираи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Айнӣ, Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор ва Рӯдакӣ бо дастгирӣ ва дар якҷоягӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ татбиқ карда мешавад, ҷиҳати омода намудани тренерони миллӣ аз ҳисоби табибони акушер-гинеколог, неонтолог ва гузаронидани арзёбии хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар шаҳру ноҳияҳои болозикр даври омӯзишӣ ва арзёбӣ баргузор гардид.
Дар даври омӯзишӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский, мутахассисон аз ноҳияҳои таҷрибавӣ иштирок намуданд.
Даври омӯзиширо муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ифтитоҳ намуда, доир ба ҳадаф ва мақсади баргузории чорабинӣ мухтасар суханронӣ намуд. Баъдан, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский низ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд.
Дар идома дар мавзӯъҳои “Нигоҳубини самараноки перинаталӣ”, “Арзёбии сифати нигоҳубини статсионарӣ ба модарон, навзодон ва кӯдакон” ва баргузории арзёбӣ дар шаҳру ноҳияҳои болозикр аз ҷониби мутахассисон ба иштирокчиён маълумот пешниҳод карда шуд.