Хуҷанд: Мулоқот ва вохуриҳои судманд ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус

Хуҷанд: Мулоқот ва вохуриҳои судманд ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус
Ноябр 16
10:29 2021

Бо ташаббуси Раёсати тандурустӣ ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд бо омӯзгорон ва хонандагон мулоқотҳои судманд доир ба пешгирии сирояти коронавирус баргузор гардид, ки дар онҳо роҳбарияти Раёсати тандурустӣ ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят иштирок намуданд. Ҳамзамон чунин мулоқотҳо бо иштироки кормандони касбу кори гуногуни шаҳр низ доир гардиданд.

Зимни мулоқотҳо қайд гардид, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии сирояти коронавирус ин пеш аз ҳама риоя кардан қоидаҳои пешгирии ин беморӣ, аз ҷумла пайваста шӯстани дастон, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани ниқоби тиббӣ  ба шумор мераванд.

Бинобар ин, аз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ даъват ба амал оварда шуд, ки қоидаҳои пешгирии ин бемориро қатъиян риоя намуда,бо ин роҳ худ ва наздиконашонро аз сироятшавӣ ба ин беморӣ эмин нигоҳ доранд.

Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят дар ҷойҳои серодами шаҳри Хуҷанд доир ба пешгирии сирояти коронавирус ва зарурати гирифтани ваксинаи зидди бемории мазкур ба тариқи баландгӯяк маълумот пешниҳод карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 980
  • 1,242
  • 950,000