Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон»

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон»
Ноябр 16
18:46 2021

Рӯзи 16-уми ноябри соли 2021 дар толори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, роҳбарият ва кормандони муассиса ҳамоиши тантанавӣ, баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» Давлатзода Гулҷаҳон Қобил ифтитоҳ намуда, бо ин Рӯзи муҳими таърихӣ ҳозиринро табрик намуд.

Муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифзода Наргис Достӣ, мудири шӯъбаи таблиғотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Гадоев Абдурасул ва раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи  Исмоили Сомонӣ  Байзоева Раҳбар суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки мақоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтани давлати миллии тоҷикон басо бузург аст. Аз ин рӯ, ин санаи таърихӣ ҳар сол дар кишвари азизамон бо шукуҳу шаҳомати хоса дар сатҳи баланд ва ботантана таҷлил мегардад.

“Моро зарур аст, ки бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо меҳнати ҳалолу интизоми намунавӣ дар рушду нумӯъ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем”,-зикр шуд дар чорабинӣ.

Дар охир як гурӯҳ кормандон ва аъзои фаъоли ҳизб, ки дар корҳои ҷамъиятию ободонӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд,  бо ифтихорномаҳои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 672
  • 1,242
  • 949,692