Дар Душанбе доир ба рафти татбиқи Стратегияи рушди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 ҷаласаи корӣ доир гардид

Дар Душанбе доир ба рафти татбиқи Стратегияи рушди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 ҷаласаи  корӣ доир гардид
Ноябр 18
15:57 2021

18 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” доир ба рафти иҷрои Стратегияи рушди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, намояндагони як қатор вазорату идора, кумита, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи ҷаласаи корӣ иброз намуд, ки  дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, баҳри беҳтар намудани шароити кор ва зиндагии ин қишри ҷомеа пайваста тадрибҳои муҳиму саривақтӣ  амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла номбурда иброз намуд, ки қабули Стратегияи рушди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 яке аз ташаббусҳои муҳиму саривақтии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки он бо дастгирии бевоситаи  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Қайд гардид, ки маҳз тавассути сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаву лоиҳаҳои зиёд ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар амал татбиқ гардида истодаанд. Бо мақсади тақвият бахшидан ба сифат ва миқдори хизматрасониҳо, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ рӯз то рӯз беҳтар намуда истодааст.

Дар идомаи ҷаласа намояндагони як қатор вазорату идораҳо доир ба рафти татбиқи стратегияи мазкур суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки татбиқи босамари Стратегияи рушди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии мамлакат, хосатан муҳайё намудани шароити арзандаи кору зиндагии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 932
  • 1,242
  • 949,952