“Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ, муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он”

“Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ, муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он”
Ноябр 19
12:53 2021

Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Авесто” дар ҳамкорӣ бо  дафтари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон имрӯз, 19 ноябри соли  2021 дар меҳмонхонаи Атласи шаҳри Душанбе дар мавзӯи  “Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ, муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он” мизи мудаввар  баргузор гардид, ки дар он намоядагон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд,  намояндагони марказҳои саломатии пойтахт,  ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории  чорабинии мазкур ин ҷалб намудани таваҷҷуҳи иштирокчиён ба масъалаҳои мубориза бо Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва  беҳтарсозии дарки Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ (УДЗМ), беҳтарсозии назорат аз болои истифодаи доруҳои зиддимикробӣ, таъмини истифодаи оқилонаи доруҳои зиддимикробӣ, мониторинг ва баҳодиҳӣ ба истифодаи асоснокии доруҳои зиддимикробӣ  дар сатҳи КАТС  арзёбӣ гардид.

Иштирокчиён қайд намуданд, ки яке аз масъалаҳои афзалиятнок ва ташвишовари тандурустии чомеа дар ҷаҳони муосир ин Устувории доруҳои зидди микробӣ мебошад. Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки дар даҳсолаҳои охир  Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ хатари ҷиддии глобалӣ маҳсуб ёфта, он ба саломатии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 672
  • 1,242
  • 949,692