Муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба давраи зимистони солҳои 2021-2022 омодаанд

Муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба давраи зимистони солҳои 2021-2022 омодаанд
Ноябр 24
12:17 2021

Муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №101 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022», фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2021, №377 «Дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021»-ро сармашқи кори худ қарор дода, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ кӯшиш ба харҷ дода, барои таъмини мунтазами кори муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 корҳои муайянеро ба сомон расониданд.

Муассисаҳои соҳаи танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣдар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳо ба имзо расида, ситодҳо ташкил карда шуда, корҳо мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда шудаанд.

Бо мақсади сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 нақшаи захираҳои эҳтимолии ангишт 10595,4 тонна пешбинӣ гардида, дар асл 10681,9 тонна (100,8%), ҳезум 7229,5 м3 дар асл 7034,8 м3 (97,3%), сӯзишворӣ 66829 литр дар асл 64140 литр (96,0%) захира карда шудааст.

Илова бар ин бо мақсади беҳтар намудани таъминоти беморон бо маводи ғизоӣ дар назди як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ 199,9 га замин ҳамчун заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шуд, ки аз ин 137,02га заминҳои полезӣ ва 62,88га дигараш бошад, боғҳои мевадиҳанда ва дарахтони сояафканро дарбар мегирад. Дар заминҳои полезӣ сабзавотҳо аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, лаблабу, каду ва дигар маҳсулотҳо парвариш карда шуда, барои ғизои беморон мавриди истифода қарор дода шуданд.

Муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣдорои 884 адад генераторҳои барқӣ будадар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар Вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон генераторҳои барқӣ бо миқдори 41 адад, вилояти Хатлон -283 адад, вилояти Суғд -209 адад, шаҳри Душанбе -109 адад, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ -147 адад, муассисаҳои ҷумҳуриявии тандурустӣ -82 адад ва муассисаҳои ҷумҳуриявии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ -13 адад мебошад.

Миқдори дегхонаҳои буғии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 184 адад дар ҳолати коршоямӣ қарор дошта, дар фасли зимистон фаъолият намуданд аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3 адад, вилояти Хатлон 13 адад, вилояти Суғд 123 адад, шаҳри Душанбе 3 адад, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 26 адад ва муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳуриявӣ 16 адад дегхонаҳои буғӣ омода буданд.

Бо мақсади истифодаи самараноки энергияи гармӣ ва сарфаҷӯии нерӯи барқ ҷиҳати пайвастшавӣ ба шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе аз 114 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд, 75 муассиса (39 муассисаи ҷумхуриявӣ, 36 муасисаи шаҳрӣ) ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст мебошанд, 12 муассиса (4 муассисаи ҷумҳуриявӣ, 8 муассисаи шаҳрӣ) аз дегхонаҳои локалӣ гармиро истифода мебаранд ва 27 муассиса (9 муассисаи ҷумҳуриявӣ, 18 муассиса шаҳрӣ) системаи дохилӣ барои қабули гармии мутамарказ омода буда, дар ҳолати гузаронидани хатҳои шабакаҳои гармидиҳӣ дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо ба ин хатҳо пайваст карда мешаванд.

Инчунин, барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 12302 адад печкаи барқӣ ва 5393 адад печкаи аловӣ барои истифодабарӣ омода ҳастанд.

Сардори Раёсати иқтисодӣ ва

банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустии вазорат

Шарифов Зайнулло

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 966
  • 1,242
  • 949,986