Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо Пратибха Меҳта, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон

Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо Пратибха Меҳта, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон
Ноябр 24
15:43 2021

24 ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Пратибха Меҳта, намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар мулоқот инчунин муовини вазир, Абдухолиқ Амирзода, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ Ҷафаров Навруз, сардори Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалӣ Бандаев Илҳом ва сардори шўъбаи робитаҳои байналмилалии вазорат Раъно Раҳимова иштирок намуданд.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорат барои дастгириҳои пайвастаи соҳа ба БРСММ изҳори миннатдорӣ баён  дошт.

Тавре номбурда иброз дошт, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо ҳидоят ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқовимат ва аз байн бурдани пандемияи COVID-19 тамоми имконияту иқтидорашро сафарбар намуд ва имрӯз хушбахтона, мо метавонем бигуем, ки вазъи эпидемиологии кишвар муътадил мебошад.

-Саҳми намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (ЮНДП) дар Тоҷикистон дар ин давра низ ниҳоят муҳим арзёбӣ карда мешавад. Ман шахсан мехоҳам барои дастгирии таъсиси Маркази коммуникатсионӣ ба Шумо бори дигар миннатдорӣ иброз намоям, чунки ин марказ барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани кору фаъолияти мунтазами вазорат бо муассисаҳои зертобеъ хело мусоидат намуд,- зикр кард Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Дар навбати худ хонум Пратибха Меҳта, намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон кӯшиш ва талошҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар самти муқобила бар зидди сирояти коронавирус махсус зикр намуда, иброз дошт, ки маҳз талошҳои пайвастаи Роҳбарияти олии ҳукумат ва кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон боис бар он гардид, ки айни ҳол вазъи бемории сироятии  COVID-19 дар Тоҷикистон муътадил арзёбӣ мегардад.

Дар идомаи  мулоқот ҷонибҳо баҳри тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Дар анҷоми мулоқот аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзи эҳтиром ба хонум Пратибха Меҳта туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,025
  • 1,242
  • 950,045