COVID-19: Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион нафар бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд

COVID-19: Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион нафар бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд
Ноябр 30
12:35 2021

Мутахассисони соҳаи тиб таъкид мекунанд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии бемории сирояти коронавирус-ин гирифтани ваксинаи зидди бемории мазкур ба шумор меравад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини солимии аҳолӣ ва пешгирии сирояти мазкур то ба имрӯз ба мамлакат 5 намуд ваксинаи зидди сирояти коронавирус ворид гардидааст, ки айни ҳол маъракаи ваксинатсия бар зидди ин беморӣ дар кишвар бомаром идома дорад.

Аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ, ки бояд бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина бигиранд, то ба ҳолати 30 ноябри соли равон дар Тоҷикистон 3 миллиону 206 ҳазору 63 нафар (51,8%) бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 2 миллиону 590 ҳазору 545 нафар (44,5%)  шаҳрвандони кишвар гирифтаанд.

 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони даъват ба амал меорад, ки дар гирифтани вояҳои ваксинаи зидди сирояти коронавирус фаъол бошанд, зеро, ягона роҳе, ки аҳолии кишварро метавонад аз гирифторӣ ба сирояти коронавирус эмин нигоҳ дорад, ин гирифани ваксинаи зидди  COVID-19 шумор меравад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 993
  • 1,242
  • 950,013