Имрӯз, 30 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ вобаста ба назорати фаъолияти муассисаҳои хусусии тиббии мамлакат ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои хусусии тиббӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа оид ба назорати фаъолияти муассисаҳои хусусии тиббӣ аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Олимов Давлатмурод, муовини сардори хадамоти мазкур баромад намуд.
Номбурда доир ба вазъи феълии муассисаҳои хусусии тиббӣ ва назорати аз ҷониби хадамот анҷомдодашуда ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.
Тавре зикр гардид, дар баробари фаъолияти пурсамар доштан дар самти ташхис ва табобати шаҳрвандон ҳанӯз ҳам дар бархе муассисаҳои хусусии тиббӣ камбудиҳо низ ҷой доранд. Бинобар ин, баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони муассисаҳои хусусии тиббӣ аз ҷониби вазир Ҷамолиддин Абдуллозода дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.