Ҷамолиддин Абдуллозода ва Муҳаммад Суҳейл амалисозии Лоиҳаи «Хизматрасонии мобилии тибби сайёр дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд

Ҷамолиддин Абдуллозода ва Муҳаммад Суҳейл амалисозии Лоиҳаи «Хизматрасонии мобилии тибби сайёр дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон»-ро  баррасӣ намуданд
Декабр 03
15:56 2021

Имрӯз, 3 декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Бонки Исломии Рушд Муҳаммад Суҳейл оид ба амалисозии Лоиҳаи «Хизматрасонии мобилии тибби сайёр дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон» мулоқот намуд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба вазорат хайрамақдам намуда, барои ҳамкорӣ ва дастгирии соҳа ба Бонки Исломии Рушд изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба амалисозии «Хизматрасонии мобилии тибби сайёр дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон» мубодилаи афкор намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки 27 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд (ҳамчун маъмури Барномаи хайриявии Шоҳ Абдуллоҳ ибн Абдулазиз (КААР) вобаста ба татбиқи маблағгузории бебозгашт барои харидорӣ ва истифода намудани клиникаҳои сайёр дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

Созишнома бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2014, №1712 тасдиқ (ратификатсия) гардидааст. Бояд қайд намуд, ки Барномаи КААР тавассути Бонки Исломии Рушд маҷмӯӣ клиникаҳои сайёр барои расонидани кӯмаки тиббии сифатнок дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Тибқи муқаррароти Бонки исломии рушд, Бонк тавассути озмуни байналмилалӣ ширкати «Нормека»-ро (кишвари Норвегия) ҳамчун оператори пешниҳоди клиникаҳои сайёр интихоб намудааст ва ширкати макур барои 5 соли минбаъда амалисозии барномаи мазкурро бо ҷалби мутахассисони тоҷик амалӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки клиникаҳои сайёр воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм буда, дарозиашон тибқи стандартҳои Аврупо 18 метр ва баландиашон 4, 2 метр мебошад ва паҳмии онҳо то 6, 5 метр васеъ мешавад.

Дохили Маҷмӯи тиббии сайёр бо утоқҳои гуногун, аз ҷумла акушерӣ, офталмологӣ, кардиологӣ, ултрасадо, рентгени рақамӣ, компютери томографӣ, мамограф ва таҷҳизот барои эндоскопияи хурд муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар баробари ин, дар доираи барномаи мазкур воситаҳои нақлиёти махсусгардонидашудаи ёрирасони клиникаҳои сайёр пешниҳод карда мешаванд, ки барои дастрас намудани беморон аз деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ то ба клиникаи сайёр хизматрасонӣ менамоянд.

Ҳамзамон пешниҳод карда шуд, ки аз ҷониби ширкати “Нормека” семинарҳои омӯзишӣ барои фаъолияти маҷмӯаҳои тиббии сайёр барои мутахассисоне, ки ба кор ҷалб мегарданд, ҳарчи зудтар шурӯъ карда шуда, асосан мутахассисони тоҷик ҷалб карда шаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 998
  • 1,242
  • 950,018