Ҷаласаи корӣ вобаста ба таҳлили ҳолатҳои критикӣ ва пешгирии фавти модар

Ҷаласаи корӣ вобаста ба таҳлили ҳолатҳои критикӣ ва пешгирии фавти модар
Декабр 08
16:36 2021

Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар доираи амалисозии Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 имрӯз, 8 декабри соли равон дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе вобаста ба таҳлили ҳолатҳои критикӣ ва пешгирии фавти модар ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, роҳбарони як қатор муассиса ва раёсатҳо, шарикони рушд, мутахассисон ва сармутахассисони соҳавии муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе,  раёсатҳои тандурустии вилоятҳо иштирок намуданд.

Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз намуд, ки масъалаҳои ҳифзи солимии модар ва кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Қайд гардид, ки давоми 30-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ, алалхусус дар соҳаи ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон як қатор дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд. Аз ҷумла дар ин самт як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ таҳия ва қабул гардида, бо дастур ва ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», Таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ, Беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Дӯстӣ, Хуросон, Ёвон, Фархор, Ҳамадонӣ, Таваллудхонаҳои вилоятӣ ва шаҳрии ш. Хуҷанди вилояти Суғд, Таваллудхонаи №2-и шаҳри Душанбе сохта  ва бо таҷҳизотҳои муосир ҷиҳозонида шуданд, ки дастрасӣ ва сифати табобати модарону кӯдаконро беҳтар гардонид.

Ҳамзамон, дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон марказҳои перинаталӣ ва дар ноҳияи Восеъ Беморхонаи марказии ноҳиявӣ сохта  бо таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шуданд, ки дар ҷаҳон назир надоранд.

Дар идомаи ҷаласа як қатор мутахассисони соҳа вобаста ба самтҳои гуногуни масъала баромад намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,028
  • 1,242
  • 950,048