Дар Душанбе конфронси миллии илмию амалӣ дар мавзӯи “Фаъолияти хусусии тиббӣ-дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушд” баргузор гардид

Дар Душанбе конфронси миллии илмию амалӣ дар мавзӯи “Фаъолияти хусусии тиббӣ-дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушд” баргузор гардид
Декабр 09
16:10 2021

9 декабри соли равон бо ташаббуси Маркази тиббии “Насл” ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе конфронси миллии илмию амалӣ дар мавзӯи “Фаъолияти хусусии тиббӣ-дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушд” баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Шайдулло, роҳбарони марказҳои тиббии хусусии  шаҳри Душанбе ва  вилоятҳо иштирок намуданд.

Қабл аз оғози конфронс намоиши марказҳои тиббии хусусӣ доир гардид, ки иштирокдорон аз он дидан намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода зимни ифтитоҳи конфронс иброз дошт, ки рушди соҳаи тандурустии кишвар ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди назар ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди фаъолияти хусусии тиббӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир менамояд.

Бо дарназардошти ин  дар даврони Истиқлолият тавассути ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат ислоҳоти куллии қонунгузорӣ дар бахшҳои сармоягузориву соҳибкорӣ гузаронида шуд.

Заминаи ҳуқуқии рушди бахши хусусӣ дар мамлакат мукаммал гардида, шароит фароҳам оварда шуд, то фаъолияти хусусиии тиббӣ рушд ва тавсеа ёбад. Дар ин замина, шаҳрвандон ба хизматрасониҳои муосири тиббии босифат ҳамаҷониба дастрасӣ пайдо намуданд. Ва ҳамин тавр фаъолияти хусусии тиббӣ дар соҳаи тандурустӣ маҳз дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави рушди худ ворид гардид”,-қайд намуд номбурда.

Зикр гардид, ки айни ҳол бо мақсади мусоидат намудан ба инкишофи фаъолияти тибби хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамоми санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тибби хусусӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомнома дар бораи комиссияи иҷозатномадиҳии фаъолияти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тасдиқ карда шудаанд, ки дастури рўимизии ҳар як субъекти фаъолияти хусусии тиббӣ ба ҳисоб мераванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 620
  • 1,242
  • 949,640