COVID-19. Дар Хатлон ҷаласаи комиссияи вилоятӣ оид ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди ин бемории сироятӣ доир шуд

COVID-19. Дар Хатлон ҷаласаи комиссияи вилоятӣ оид ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди ин бемории сироятӣ доир шуд
Декабр 14
09:50 2021

Дар вилояти Хатлон 13 декабр ҷаласаи комиссияи вилоятӣ оид ба ҳамоҳангсозии гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 ва Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус бо иштироки раиси ситод,  раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Раиси вилояти Хатлон зикр дошт, ки дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус, инчунин гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 қарорҳои дахлдори раиси вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қабул гардида, аъзои ситоди корӣ ва комиссияҳо оид ба ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 таъсис ва фаъолият дошта, аз ҷониби ситодҳои корӣ ва комиссияҳо корҳои муайян ба анҷом расида истодаанд.

Бо дарназардошти авҷ гирифтани марҳилаи чоруми бемории коронавирус дар давлатҳои хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Русия, Узбекистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Қазоқистон  10 декабр аз ҷониби раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи ситоди навбатӣ гузаронида шуд.

Бояд зикр намуд, ки рӯзҳои охир корҳои вобаста ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар шаҳру ноҳияҳо начандон хуб ба роҳ монда шуда, фаъолияти комиссияҳо ва сохторҳои дахлдор дар ин ҷода суст гардида, ҳамкории ҷиддиро бо сохторҳои марбута тақозо дорад.

 

Дар ҷаласаи ситод ҳисоботи сардори раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мирзоалӣ Раҷабзода, муовини раиси Ситоди вилоятӣ, директори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят – Нурулло Бояков шунида шуд.

Раиси вилоят аз рӯи маълумоти пешниҳодгардида вобаста ба масъалаи рӯзномаи ситод ва ҷаласаи корӣ аз раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулини сохтору соҳаҳои дахлдори вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳриву ноҳиявӣ пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати бартараф кардани камбудию норасоиҳои ҷойдошта, тақвият бахшидани корҳои профилактикӣ, безараргардонӣ ва иммунизатсия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, бо назардошти масъалаҳои пешниҳодгардида ба аъзои ситод ва комиссияи вилоятӣ оид ба ҳамоҳангсозии баргузории иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19, инчунин ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, идораю корхонаҳои дахлдори вилоятӣ, минтақавӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки вазифаҳои навбатиро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҳал намоянд.

Ҳамчунин аъзои ситод ва комиссияҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва дигар фаъолон вазифадор шуданд, ки корро дар самти пешгирӣ, пайдоиш ва паҳншавии бемории коронавирус ҷоннок карда, барои захира намудани маводи зиддиэпидемикӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаю коргоҳҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ, бозору нуқтаҳои савдо ва дигар иншоот, новобаста аз шакли моликияташон корҳои безараргардониро вусъат бахшида, баҳри пешгирии бемории коронавирус бо иммунизатсия фаро гирифта шаванд.

Ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳангоми баргузории чорабиниҳои идона риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, истифодаи ниқоби тиббиро риоя намуда,  дар баргузории маъракаю барномаҳо ба исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.

АКСҲО: вилояти Хатлон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 13
  • 1,025
  • 1,242
  • 950,045