Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор)-и Россия Анна Попова мулоқот намуд

Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор)-и Россия Анна Попова  мулоқот намуд
Декабр 17
12:34 2021

Имрӯз, 17 декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор)-и Федератсияи Россия Анна Попова мулоқот намуд.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  Анна Поповаро ба Тоҷикистон  хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд.

Баъдан, дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи санитарию эпидемиологии кишвар, пешгирии бемориҳои сироятӣ, хосатан сирояти  COVID-19 ва дигар бахшҳо мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд.

Дар охир ҳамчун арзи эҳтиром ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи сафари  хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор) Анна Попова  аз як чанд озмоишгоҳҳои шаҳри Душанбе дидан хоҳад намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 991
  • 1,242
  • 950,011