Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сардори Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Русия Анна Попова мулоқот намуд

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сардори Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Русия Анна Попова мулоқот намуд
Декабр 17
14:07 2021

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сардори Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Федератсияи Русия Анна Попова мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мавриди зикр аст, ки аз оғози ба қайд гирифта шудани бемории сироятии КОВИД-19 миёни мутахассисони соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия робитаи зич барқарор карда шуда, бо роҳи мубодилаи таҷриба ва татбиқи нақшаҳои саривақтӣ ҳамкорӣ натиҷаи нек дод.

Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Федератсияи Русия дар замони паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 дар самти дастрас намудани маводи тиббӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон нақши бориз гузошт.

 

Дар ҷараёни мулоқот оид ба ҷой доштани ҳамгироии нек байни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳавасмандӣ зоҳир карда шуда, барои тақвияти ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Федератсияи Русия мулоҳизаҳои судманд баён  шуданд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 957
  • 1,242
  • 949,977