Аёдати кӯдакони бемор

Аёдати кӯдакони бемор
Декабр 23
15:09 2021

Дар арафаи Соли нави мелодии 2022 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Гулаҳмадзода Зулфиқор ва муовини сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Собирзода Ато кӯдакони бемору ниёзманде, ки дар Маркази саломатии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе бистарӣ мебошанд,  аёдат намуда, бо вазъи саломатии онҳо шинос шуданд.

Қайд гардид, ки дастгирӣ ва аёдати беморону ниёзмандон дар арафаи иду ҷашнҳо ва санаҳои муҳим дар кишвар ба ҳукми анъана даромада, мунтазам ба ин қишри ҷомеа аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсони саховатпеша кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.

Ҳамзамон, дар ҷараёни аёдати хеш меҳмонон ба кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуда, иброз доштанд, ки ҲХДТ ҳамеша ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус дошта,  нисбат ба онҳо ғамхории махсус зоҳир  менамояд. Дар навбати худ дӯстрӯякони бемор ва бистаригардида, аз ҳузури Бобои барфӣ шодон шуда, шеърҳо қироат намуданд.

Волидони кӯдакон аз ин иқдом изҳори хурсандиву шодмонӣ намуда, ба Роҳбарияти Олии ҲХДТ изҳори миннатдорӣ баён доштанд, ки дар арафаи Соли нави мелодии 2022 кӯдакони бемори онҳоро хушҳол гардониданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 28
  • 1,017
  • 1,242
  • 950,037