Шарҳу баррасии нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳу баррасии нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Декабр 28
10:29 2021

Субҳи имрӯз, 28 декабри соли равон вобаста ба шарҳу баррасии нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ба тариқи онлайн роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат зимни суханронии хеш иброз намуд, ки ироа гардидани  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз лиҳози фаро гирифтани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, таъмини амният, рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, саноат, энергетика, ва дигар соҳаҳо яке аз маъракаи муҳими сиёсӣ дар низоми давлатдорӣ  ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки воқеан, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати падидаи нав дар амалияи конститутсионии кишвар бешубҳа санади муайянкунандаи дурнамои ҷомеа эътироф шудааст, зеро дар он дастовардҳои дирӯзу имрӯз таҳлил гардида, имкони фароҳам овардани шароит барои дастовардҳои ояндаи кишвар муайян мегардад.

Қайд гардид, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар 30-юмин солгарди Истиқлоли комили миллӣ рост омад, фарогири 30 соли дасторвадҳо дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат,ҳамзамон кулли соҳаҳои ҳаётан муҳим ва нақшаҳои минбаъда дар самти баланд бардоштани некуаҳволии мардум, рушду нумӯи сиёсати дохиливу хориҷӣ ва таъмини амнияти иҷтимоиву сиёсиро дарбар гирифт. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш аз ҷумла таъкид намуданд: “Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд. Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.

Номбурда ҳамзамон зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳои муҳим ба бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ махсус ишора намуда, таъкид доштанд, ки “рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад”.

Воқеан, дар зарфи 30 соли истиқлоли давлатӣ бо мақсади беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба рушди бемайлон ноил гардид.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ иброз доштанд:  “Соли 1990 дар Тоҷикистон 2860 муассисаи тиббӣ бо 52800 нафар корманд фаъолият дошт. Ҳоло дар кишвар 4700 муассисаи тиббӣ бо 78 800 корманд фаъолият дорад. Дар давоми 30 соли истиқлолият барои соҳаи тандурустӣ 187 000 нафар табиб ва корманди миёнаи тиббӣ тайёр карда шудааст. Вобаста ба зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ садҳо муассисаи нави тиббӣ бунёд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, нақлиёти санитарӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ таъмин карда шуданд. Танҳо дар се соли охир, яъне солҳои 2019–2021 дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30–солагии истиқлолият аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1858 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд шудааст. Ҳоло сатҳу сифати ташхису табобати беморон нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардида, барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандон бамаротиб коҳиш ёфтааст”.

Дар солҳои истиқлоли миллӣ  бо муҳайё шудани шароити хуби касбомӯзӣ мутахассисони баландпояи соҳавӣ омода гардида, дар муассисаҳои соҳаи тандурустии мамлакат дар хизмати мардум қарор гирифтанд. Ҳамзамон, таҳти назароти хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ  ва рушди он, муассисаҳои соҳавии зиёде бунёд ва азнавсозӣ гардида, ҳамаи онҳо бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъкид намуданд: “Дар робита ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор аст, ки барои таъмин намудани дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда ҷиҳати минбаъд низ ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ дар амалияи тиббии муассисаҳои соҳавӣ чораҳои заруриро амалӣ намояд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки бо мақсади ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббиву иҷтимоиро ҷоннок намуда, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва якҷо бо дигар вазорату идораҳои марбута ва соҳибкорон дар самти таъмин кардани рушди саноати дорусозӣ, аз ҷумла истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешад”.

Вобаста ба иҷрои вазифаи болозикр ва дигар дастуру супоришҳои ҳукумати мамлакат роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ин ҳам бештар иқдомоти амалӣ рӯи даст хоҳанд гирифт.

Яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба соҳаи тандурустӣ таъкид намуданд, ин тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва ба кор ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки вобаста ба ин мавзӯъ гуфта шуд:  “Ҳоло муассисаҳои тиббии кишвар бо табибон 84 фоиз ва бо кормандони миёнаи тиббӣ 96 фоиз таъмин мебошанд. Дар панҷ соли минбаъда муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз рӯи ихтисосҳои тиб 13 770 нафар ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббиро 47 880 нафар хатм мекунанд. Аз ин рӯ, сохтору мақомоти марбута вазифадоранд, ки камбудии мавҷударо доир ба норасоии кадрҳо дар ду сол бартараф намоянд. Таъкид месозам, ки барои ҳалли ду масъалаи муҳимтарини соҳаи тандурустӣ – тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд”.

Воқеан, дар баробари он ҳама кӯшишу талошҳо баҳри таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо кадрҳои болаёқат корҳои назаррасе пиёда шудааст, аммо ҳоло ҳам дар ин масир мушкилот вуҷуд дорад. Ба ин хотир, баҳри ба пуррагӣ таъмин намудани муассисаҳои соҳавӣ бо мутахассисони варзида Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми инконоти мавҷуда истифода хоҳан кард.

Нуқтаи муҳими дигаре, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи тандурустӣ ва сиҳатии омма зикр гардид, ин бемории фарогири каронавируси КОВИД–19 мебошад. Воқеан бо зуҳури чунин як маризӣ таҳти сиёсати оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаи тандурустии мамлакат тавонистанд, дар муқибили он сипари қавӣ бунёд намуда, ҷомеаи мамлакатро аз хисороти калони ҷониву молӣ ҳифз намоянд. Вобаста ба ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Имрӯз дар бисёр кишварҳои дунё мавҷи нави бемории сироятии КОВИД–19 ва фавти одамон идома дорад. Бинобар ин, ба мардуми кишвар муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки гарчанде ин беморӣ дар кишвари мо нест, сокинони мамлакат бояд бепарво набошанд, ба фориғболӣ роҳ надиҳанд ва ин масъаларо ҳазл нашуморанд. То имрӯз 60 фоизи аҳолӣ эм карда шудааст ва зарур аст, ки раванди эмгузаронӣ боз ҳам вусъат дода шавад, зеро ягона роҳи муассири эмин мондан аз ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад”.

Дар воқеъ баробари ихтироъ гардидани ваксина зидди бемории каронавируси КОВИД–19 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ворид намудани он ба мамлакат ва ба ваксинатсия фаро гирифтани ҷомеаи кишвар саъю талош варзид. Ҳамин аст, ки то ба имрӯз  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 миллиону 269 ҳазору 920 воя  ворид гардида, маъракаи иммунизатсия бар зидди ин беморӣ  дар саросари мамлакат миёни сокинони кишвар  дар сатҳи баланд ҷараён дорад.

Ироа гардидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фарогирии дасторвадҳои 30 соли даврони истиқлоли миллӣ дар тамоми бахшҳо буд, муассир мебошад ва ҳамзамон нақшаҳои минбаъда дар масири руши соҳаҳои муҳим ва хосатан бахши тандурустӣ боиси дастгирӣ мебошад. Чун дар доираи ин ҳама назароти созанда ва муайян намудани дурнамои пешрафт заминаи тараққиёти кулли соҳаҳо, хосатан сиёсати хориҷиву дохилӣ. амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, тандурустӣ, фарҳанг, энергетика, ва ғайра маҳсуб меёбад.

Дар охир ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд, аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 963
  • 1,242
  • 949,983