Тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба бошандагони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ

Тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба бошандагони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ
Декабр 30
15:16 2021

Бахшида ба Соли нави мелодии 2022 имрӯз, 30 декабри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон” ташриф оварда, ба бошандагони муассисаи мазкур туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошандагони маркази мазкурро аз номи роҳбарияти вазорат ба Соли нави мелодии 2022 табрику шодбош намуда, иброз дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ин табақа худро танҳо эҳсос намоянд.

Дар идома Ҷамолиддин Абдуллозода ба бошандагони марказ туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуда, инчунин бо фаъолияти марказ ва сатҳи хизматрасонии он шинос шуд.

 

Ҳамзамон, имрӯз муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кўдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб ташриф оварда, аз номи вазорат ба бошандагони муассиса 10 аробачаи маъюбӣ, сару либос ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.

Аснои суханронӣ номбурда бошандагон ва кормандони муассисаи мазкурро ба Соли нави мелодии 2022 муборакбод намуда, аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла ба ятимону маъюбон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ин табақаи қишри ҷомеа ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 625
  • 1,242
  • 949,645