Аз фаъолияти яксолаи вазорат ва зерсохторҳои он натиҷагирӣ карда шуд

Аз фаъолияти яксолаи вазорат ва зерсохторҳои он натиҷагирӣ карда шуд
Январ 05
15:53 2022

Имрӯз, 5 январи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар соли 2021 баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт, ки бояд соли 2021-ро ҳамчун соли бобарору пурмаҳсул ҳисоб намоем, зеро дар давоми он дар Тоҷикистон як қатор рӯйдодҳои муҳими таърихии фаромӯшнашаванда ба амал омада, таҳлили амиқ ва баҳогузории нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 зимни Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд.

Ҳамзамон, номбурда иброз дошт, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат дар баробари дастовардҳои дигар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, тамоюли беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, вазъи демографӣ ва тандурустии аҳолӣ, аз ҷумла дарозумрӣ, нишондиҳандаҳои умумии фавт, хусусан фавти модарон, фавти кӯдакони синни то панҷсола, беҳтар гардидани вазъи инфрасохтори соҳа тавассути ба истифода додани иншоотҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо саҳми назарраси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону сармоягузорон ва рушди ҳифзи солимии модарону кӯдакон ҳамчун дастовардҳои назаррас қайд гардид.

Зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба норасоии кадр дар соҳаи тандурустӣ, рушди саноати дорусозӣ ва бо назардошти муташаннич гардидани вазъи бемории COVID-19 дар як қатор кишварҳои олам вусъат бахшидани маъракаи ваксинатсияро бар зидди сирояти мазкур дар кишвар махусус таъкид намуданд.

“Бинобар ин, ба роҳбарони муассисаҳои  илмию таълимӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷҳо ва дигар сохторҳое, ки дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият менамоянд, мекунанд, инчунин ба мутахассисони соҳаи фарматсевтӣ, корхонаҳои дорусозӣ низ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта чораҳои мушаххас андешанд ва агар вобаста ба беҳбудии фаъолияти соҳа пешниҳоде дошта бошанд, ба вазорат манзур намоянд.

Ҳамзамон, ба тамоми роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ низ супориш дода мешавад, ки баҳри ҷоннок намудани маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус дар миёни сокинони мамлакат тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар ҳамин раванд, бо назардошти дастуру супоришҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардида, Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, баъдан барои иҷро ба тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ирсол карда мешавад”,-иброз дошт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Дар идома номбурда доир ба фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар соли 2021 муфассал баромад намуд.

Қайд гардид, ки дар соли 2021 бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди солимии аҳолӣ дар давраи то соли 2030», «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии барои солҳои 2022-2025», «Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025», барномаҳои соҳавӣ оид ба муқовимат бар зидди эпидемияи ВНМО/БПНМ, ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил, иммунопрофилактика, ташаккули тарзи ҳаёти солим  қабул гардида, лоиҳаи Қонун “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ”  дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Инчунин, дар соли 2021 зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ишоотҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла биноҳои коллеҷҳои тиббӣ – инноватсионии шаҳри Бохтар ва тиббӣ-иҷтимоӣ дар ноҳияи Данғара, шуъбаҳои қабул, қалб ва шикастабандии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон пас аз таъмиру навсозӣ, бинои нави Маркази ташхисию табобатии «Тибби Сино» дар ноҳияи Б. Ғафуров, бинои нави Маркази дастгирии оила ва кӯдаки бо номи «Фарзанди Ватан» шаҳри Истаравшан, корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Ориё – Медикал» дар шаҳри Душанбе, Муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва Маркази барқарорсозии «Нури тиб» дар шаҳри Данғара, ҶСК «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ»-ро пас аз азнавсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Дар моҳи июни соли 2021 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону ӯзбекистон» дорои 200 кат дар ноҳияи Қубодиён, ба таври маҷозӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии ӯзбекистон ифтитоҳ гардид.

Ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, фаъолият дар самти мазкур дар соли 2021 давом дода шуд. Аз ҷумла, дар соли 2021 дар муассисаҳои тиббии мамлакат (новобаста аз шакли моликият)  2 381 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо (дар соли 2020 – 2021), 1 601 амалиёти ангиография (дар соли 2020 – 1 235) ва 782 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ (дар соли 2020 – 677), ба 452 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ (дар соли 2020 – 155) ба 115 нафар бемор (дар соли 2020 – 97 нафар бемор) амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 14 нафар (дар соли 2020 – 15 нафар) ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст.

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби ҷарроҳони кишвар дар давоми соли 2021 ба аҳолии кишвар  дар маҷмӯъ 134 усули нави табобат пешниҳод карда шуд.

Бо мақсади дастрасии бештари аҳолии ҷумҳурӣ ба ташхису табобати бемориҳои чашм дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби сармутахассиси соҳавӣ оид ба бемориҳои чашм, бо ҷалбу мутахассисони соҳавӣ дар шаҳри Кӯлоб ба 89 нафар ва дар ноҳияи Рашт ба 9 нафар беморон амалиёти ҷарроҳӣ тариқи ройгон анҷом дода шуд.

Дар  ин давра ба 97560 нафар кӯдакон амалиёти хатна ба таври ройгон гузаронида  шуд, ки нисбат ба соли 2020 (84848 нафар) 12712 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии хатнашудагон 22145 нафар навзод буда, 22,7%-ро ташкил медиҳад.

Баъдан, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода зимни суханронии хеш аз таваҷҷуҳ ва дастгирии хосаи Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз дар натиҷаи дастгириҳои доимии роҳбарияти олии мамлакат солҳои охир сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон бамаротиб рушд намуда, дар ин самт як қатор тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шудаанд ва корҳо дар ин самт низ минбаъд идома дода мешаванд.

Дар идомаи ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, хадамотҳои соҳавӣ доир ба фаъолияти солонаи хеш мухтасар баромад намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин самт беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба масъулин-роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии мамлакат  дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 934
  • 1,242
  • 949,954