Ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста татбиқи «Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024»

Ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста татбиқи «Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024»
Январ 21
15:56 2022

21 январи  соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024» баргузор гардид, ки дар он  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, аъзои гурӯҳи кории байнидоравӣ, намояндагон  аз вазоратҳои  адлия, корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва  маориф ва илм, инчунин намояндагони Хазинаи кўдакони СММ  (ЮНИСЕФ) иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамоҳангсозии амалишавии барномаи мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, тибқи Нақшаи чорабиниҳо татбиқи 14 банд ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 3 банд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, 5 банд ба Вазорати адлия, 1 банд ба Вазорати маориф ва илм, 1 банд ба Вазорати корҳои дохилӣ ва 3 банд ба Гурӯҳи корӣ вогузор гардидааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои  Барнома дар соли 2021  иҷрои 9 банд пешбинӣ гардида буд, ки бо назардошти  иҷрои чорабиниҳои солҳои 2020-2021 иҷрои як чорабинӣ идома дорад. Иҷрои дигар бандҳо 99%-ро ташкил медиҳад.  Кор оид ба иҷрои банди 6 вобаста  ба таҳия ва қабули нишондиҳандаҳо ва механизми мониторинг идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 916
  • 1,242
  • 949,936