Соҳаи стоматологии Тоҷикистон ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардидааст. 9 феврал- Рӯзи байналмилалии стоматологҳо таҷлил мегардад

Соҳаи стоматологии Тоҷикистон ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардидааст. 9 феврал- Рӯзи байналмилалии стоматологҳо таҷлил мегардад
Феврал 09
13:29 2022

Ҳамасола 9 феврал дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии стоматологҳо таҷлил карда мешавад. Соҳаи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй яке аз соҳаҳои рушдкунандаи низоми тандурустии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, тули солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Тавре  зимни суҳбат бо мо доктори илмҳои тиб, директори  Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадулло Қосимов иброз дошт, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии стоматологӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

“Имрӯз кормандони Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй дар баробари ташхису табобат, инчунин, ба корҳои илмӣ- татқиқотӣ низ машғул мебошанд. Зеро, яке аз вазифаҳои пажӯҳишгоҳ низ пеш бурдани корҳои илмӣ- татқиқотӣ, омода кардани мутахассисони варзида ва номзадҳои илми тиб мебошад. Аз ин рӯ. ҳоло дар  пажӯҳишгоҳи мазкур12 нафар корманди илмӣ, 1 нафар доктори илми тиб, 2 нафар профессор ва 5 нафар унвонҷӯй кору фаъолият менамоянд”,- гуфт Маҳмадулло Қосимов.

Ба зикри мавсуф, ҳоло дар пажӯҳишгоҳи номбурда тамоми имкониятҳо мавҷуд буда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷарроҳиҳои ҷоғу рӯй таҷҳизотҳои муосир аз давлатҳои Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Чин харидорӣ шудааст. Мутахассисон низ барои чунин амалиётҳоро гузаронидан дар давлатҳои Олмон ва Ҷопон  давраи бозомӯзиро гузаштаанд. “Имрӯз бо боварӣ метавонам иброз дорам, ки бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соҳаи стоматологи ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардидааст”,-гуфт номбурда.

Воқеан, дандон аз узвҳои муҳимтарини инсон маҳсуб ёфта, нигоҳубини он барои ҳар як нафар ҳатмӣ мебошад. Вале, мутаасифона қариб 99 фоизи аҳолии мамлакат ба бемории кариеси дандон – яъне вайроншавии бофтаи сахти дандон гирифтор мебошанд.  Омилҳои асосии пайдошавии кариесро доктори илмҳои тиб  Маҳмадулло Қосимов ба риоя накардани беҳдошти ковокии даҳон ва сари вақт аз муоинаи духтури дандон нагузаштан  рабт медиҳад.

“Барои пешгирии кариеси дандон бояд хамираҳоеро истифода намуд, ки таркибашон аз фтор бой  бошад. Таҳлилҳо муайян кардаанд, ки солҳои охир занҳои ҳомила бештар ба дарди дандон гирифтор мешаванд ва ё  ин, ки  то давраи ҳомиладорӣ аллакай чанд дандони онҳо талаф ёфтааст. Бояд занҳо дар давраи ҳомиладорӣ ғизоҳои сервитамин истеъмол намоянд. Чунки сабабҳои  асосии бемории дандон дар давраи ҳомиладорӣ ин норасоии витаминҳо мебошад. Ғизоеро, ки модар истеъмол мекунад, кӯдаки дар батн буда витаминҳои онро ба худ ҷабида мегирад. Дар натиҷаи  норасоии витаминҳо дандонҳо оҳиста-оҳиста ба шикастан ва оризаҳои  дандон дучор мешаванд. Аз ин рў, тавсия дода мешавад, ки зан дар давраи ҳомиладорӣ ва пеш аз он ҳатман аз ташхиси дандон гузарад”,- афзуд директори Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй Маҳмадулло Қосимов.

Гуфта мешавад, ки тарзи дурусти истеъмоли ғизо низ барои солимии дандонҳо аҳамияти калон дорад. Истеъмоли аз меъёр зиёди шириниҳо барои солимии дандон зараровар мебошад.  Витамини калсий барои солимӣ ва мустаҳкамии дандон мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, истеъмоли  творог, панир (сир),  меваю сабзавот ва шибиту гашнич ба манфиат мебошад.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ навъи нави табобат тавассути решаи сунъӣ, ки имплант ном дорад, ба роҳ монда шудааст. Имплант аз 3 қисм: имплант, абакимент ва коронка иборат мебошад.  Бояд гуфт, ки ҳоло  дар самти имплананкалогия низ таваҷҷуҳ зиёд шудааст. Аксар маврид бемороне, ки барои гузоштани имплант муроҷиат мекунанд, дар  онҳо обшавии устухони ҷоғ мушоҳида мешавад. Дар ин вақт вобаста ба диаметри имплант  аз қабурғаи бемор устухонро гирифта ба ҷои обшудаи устухони ҷоғ гузаронида мешавад. Ин амалиёт хеле мушкил мебошад. Зеро он дар ду узв: қабурға ва ҷоғ гузаронида мешавад, ки ин ҳам барои бемор ва ҳам барои табиб мушкил аст.

“Бартарияти имплант дар он аст, ки агар як дандон набошад, мо ба дандонҳои дигар осеб намерасонем ва он дандони набударо ба воситаи решаи сунъӣ дар ҷояш барқарор мекунем. Инро метавон дастоварди хуб дар соҳаи стоматология арзёбӣ намуд, ки ин ҳама имкониятҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба даст омадааст”-иброз намуд ҳамсуҳбати мо.

Холисаи Асомиддин

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 960
  • 1,242
  • 949,980