Имконоти бештар барои муроҷиати шаҳрвандон

Имконоти бештар барои муроҷиати шаҳрвандон
Феврал 10
15:09 2022

Бо мақсади таъмини имконоти бештари муроҷиати шаҳрвандон ва вокуниши саривақтии масъулони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматраснии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ мегардад, хариди қуттиҳои махсусро ба роҳ монд.

Ин қуттиҳо дар ҳамаи 265 маркази саломатии деҳоти 16 ноҳияи таҷрибавӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Деваштич, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Спитамен ва Зафарободи вилояти Суғд, ноҳияҳои  А.Ҷомӣ, Кулоб, Кушониён, Ҳамадонӣ, Фархор, Ҷ.Балхӣ, Қубодиён, Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Дарвозу Файзобод насб карда мешаванд.

Бояд зикр кард, ки қаблан низ чунин қуттиҳо барои арзу шикоят вуҷуд доштанд, вале бо гузашти вақт мо онҳоро хеле кам во мехурем. Аз ин хотир дастрас ва насби чунин қуттиҳо барои роҳандозии саривақтии муроҷиати мардуми маҳал, ба хусус деҳоти кишвар ва вокуниши саривақтӣ ба он мусоидат  мекунад.

Албатта имрӯз дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои электронии муроҷиат хеле зиёд аст. Вале дар сатҳи деҳот  аксари муроҷиатҳоро дар сатҳи  маркази саломатӣ ва ё  шабакаи кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ метавон ҳал кард.  Аз ин рӯ ин намуди қуттиҳо барои боз ҳам беҳтар роҳандозӣ намудани  тартиби муроҷиати шаҳрвандон ва ҳаллу фасли онҳо дар зинаи аввал, дар муассисаҳои тиббӣ насб хоҳанд шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 997
  • 1,242
  • 950,017