Ҷиҳати шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ имрӯз, 11 феврали соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба вилояти Хатлон сафар намуда, бо фаъолияти беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ҷайҳун ва Панҷ шинос шуд.
Аснои боздид дар беморхонаҳои мазкур Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти шӯъбаҳои онҳо шинос шуда, ҳамзамон бо беморон ва наздикони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.
Зимни вохурӣ бо беморон ва наздикони онҳо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохта, дар ин самт корҳои муҳиму назаррасро ба аҷом расонидааст.
Ҷамолиддин Абдуллозода зимни вохурӣ бо роҳбарият ва кормандони беморхонаҳои мазкур масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, одоби муоширати табибон бо беморон, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва ғайраро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.