Чанде қабл дар Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом дар вазъияти тантанавӣ сехи истеҳсоли оксигени тиббӣ ба истифода дода шуд, ки дар маросими он директори ЮСАИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Питер Райли, намояндаи ЮСАИД дар сафоратхонаи ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассис оид ба идораи лоиҳаҳои вобаста ба соҳаи тандурустӣ Саидмумин Холов, муовини Раиси шаҳри Конибодом Қодирӣ Н., муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳоҷибоев М.Ю., инчунин намояндаҳои истеҳсолкунандаи дастгоҳҳо ва насбкунандагон иштирок намуданд.
Ҷамъомади тантанавиро сартабиби беморхонаи мазкур Самиев Ҳ.К. ифтитоҳ намуда, суханро ба директори ЮСАИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Питер Райли дод.
Мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки сехи мазкур барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, хусусан барои табобати гирифторони сирояти COVID-19 равона карда шудааст.
Муовини сардори сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳоҷибоев М.Ю. дар баромади худ қайд кард, ки чунин сехҳои мазкур дар шаҳрҳои Конибодом ва Панҷакент сохта ба истифода дода шуданд, ки аз заҳмати самарабахши шабонарӯзии кормандони тандурустии шаҳри Конибодом дарак медиҳад.
Сипас, меҳмонон бо шӯъбаи наҷот ва беҳискунӣ ташриф намуда, бо дастгоҳҳое, ки то назди бемор хати оксиген оварда шудааст, шинос шуданд.