Табибони Тоҷикистон ва Олмон дар самти ташхис ва табобати сирояти нави COVID-19 мубодилаи таҷриба менамоянд

Табибони Тоҷикистон ва Олмон дар самти ташхис ва табобати сирояти нави COVID-19 мубодилаи таҷриба менамоянд
Феврал 14
15:33 2022

Ба роҳ мондани табодули таҷриба бо мутахассисони варзидаи кишварҳои гуногуни олам яке аз самтҳои муҳим баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар самти ташхис ва табобати бемории сирояти коронавирус табибони тоҷик бо мутахассисони варзидаи як қатор кишварҳои гуногуни дунё мубодилаи таҷрибаро ба роҳ мондаанд, ки дар ин самт натиҷаҳои назаррас низ ба даст омадаанд.

Дар доираи ин иқдом як гурӯҳ мутахассисони варзидаи кишвари Олмон низ ин навбат ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки ҳадафи сафари онҳо мубодилаи таҷриба бо табибони тоҷик дар самти ташхис ва табобати сирояти нави COVID-19 мебошад.

Ҳамакнун, давоми ду ҳафта мутахассисони Олмон бо мутахассисони Тоҷикистон дар самти ташхис ва табобати сирояти нави COVID-19 мубодилаи афкор менамоянд.

Рӯзи нахуст гурӯҳи мутахассисони Олмон бо намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.

Намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ ба ҷониби кишвари Олмон ҷиҳати кӯмак ва дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат, махсусан дар давраи пандемияи  COVID-19 изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Аснои мулоқот мутахассисони олмонӣ иброз доштанд, ки омодаанд давоми ду ҳафта ҳамаи он донишу таҷрибае, ки дар самти ташхис ва табобати сирояти нави COVID-19 доранд, ба табибони тоҷик омӯзонанд.

Тавре зикр гардид, ташрифи табибони варзидаи олмонӣ ба Тоҷикистон идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ, хосатан дар самти мубориза бар зидди сирояти нави COVID-19 ба шумор меравад.

Ҳамзамон, дар ҷараёни вохурӣ аз ҷониби Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкории техникӣ (GIZ) дар Тоҷикистон ба Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат маводҳои ташхисӣ барои муайян кардани сирояти нави COVID-19, алалхусус маводҳои масрафшаванда, ки барои 50 ҳазор тестҳо пешбинӣ шудаанд, тақдим  карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар асоси нақшаи корӣ сафари мутахассисони Олмон ба як қатор шаҳру навоҳии мамлакат низ ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҷараёни он суҳбату вохурӣ ва машваратҳо, инчунун боздид аз озмоишгоҳҳои минтақаҳои кишвар низ дар назар аст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 12
  • 992
  • 1,242
  • 950,012