Шаби 21 феврали соли равон аз ҷониби Ҳукумати Япония ба Тоҷикистон дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС 501 ҳазору 200 воя ваксинаи “АстраЗенека” ба маблағи беш аз ду миллион доллари амрикоӣ ҳамчун кӯмаки башардӯстона ворид гардид.
Маросими расмии қабули вояҳои ваксинаи мазкур имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики, муовини намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Зайнаб-ал- Аззавӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷониби кишвари Япония дар самти дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат, аз ҷумла дастрас намудани вояҳои ваксинаи зидди коронавирус изҳори миннатдорӣ баён намуда, ин иқдомро идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар арзёбӣ намуд.
Дар идома меҳмонон аз анбори махсуси вазорат, ки ваксинаҳои зидди сирояти нави COVID-19 дар он нигаҳдорӣ мешаванд, дидан намуданд.