ШИНОСОИИ ГУРӮҲИ КОРИИ ВАЗОРАТ БО ФАЪОЛИЯТИ ШАБОНАРӮЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

ШИНОСОИИ ГУРӮҲИ КОРИИ ВАЗОРАТ БО ФАЪОЛИЯТИ ШАБОНАРӮЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ
Феврал 27
15:52 2022
Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, сӯҳбату вохӯриҳо бо кормандони соҳа ва шаҳрвандон, таҳлил ва баррасии масъалаву мушкилоти ҷойдошта ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти
роҳбарии вазир Ҷамолиддин Абдуллозода иборат аз мутахассисони соҳаи санитарию эпидемиологӣ, масъулини дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони хадамотҳои соҳавӣ бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии атрофи он, аз ҷумла Маркази тиббии “Шифобахш”, Беморхонаи ёрии таъҷилӣ, Пажӯшигоҳи акушерӣ ва гинекологӣ, Таваллудхонаи рақами 1 ва Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат дидан намуданд.
Гурӯҳи кории вазорат рафти хизматрасонии тиббиро дар муассисаҳои тандурустии номбурда таҳлил ва баррасӣ намуда, бо фаъолияти шуъбаҳо, захираи маводҳои доруворӣ, ҳолати санитарию эпидемиологӣ, истифодаи таҷҳизотҳои тиббии онҳо шинос шуда, доир ба одоби муоширати табибон бо беморон, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти вазорат, аз ҷумла иҷрои бечунну чарои қарорҳои ҳайати мушовараи вазорат, ки ба беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа равона гардидаанд, ба роҳбарият ва кормандони беморхонаҳо супоришҳои мушаххас доданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати шиносоии бевосита пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат чунин гаштҳои шабона ва рӯзона аз ҷониби роҳбарияти вазорат ва мутахассисони пайваста анҷом дода мешаванд.
Ҳадаф аз чунин гаштҳои шабона ва рӯзона-ин пеш аз ҳама иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 13
  • 1,087
  • 1,242
  • 950,107