Дар доираи шарҳ ва баррасии муштараки соли якуми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷаласаи корӣ доир гардид

Дар доираи шарҳ ва баррасии муштараки соли якуми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷаласаи корӣ доир гардид
Март 01
15:26 2022

1 марти соли равон дар меҳмонхонаи Ҳилтони шаҳри Душанбе вобаста ба шарҳ ва баррасии муштараки солонаи соли якуми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, шарикони рушд, намояндагони вазорату идора ва кумитаҳои марбута ва дигар мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ намояндагони вазорату идора ва шарикони рушд дар бахши соҳаи тандурустӣ муҳокимаи татбиқи соли аввали стратегияи мазкурро идомад ода, дастовард, мушкилот ва дигар самтҳои татбиқи стратегияро таҳлил ва баррасӣ намуданд.

Дар ҷаласа мубоҳисаҳои гурӯҳӣ доир гардид, ки иштирокчиён доир ба самтҳои гуногуни татбиқи стратегия мубодилаи афкор намуданд.

Тавре дар Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 омадааст, таъмини дастрасӣ ба хизматарсониҳои тандурустӣ бояд тавассути рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо тибби оилавӣ асоснокшуда, ҳифзи солимии модару кўдак ва хизматрасонӣ оид ба солимии ҷинсӣ, репродуктивӣ ва ҳуқуқи наврасон, фаъолият дар самти бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла пешгирӣ, нигоҳубин ва табобат, пешгирӣ ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ, ҳамзамон, таъмини хизматрасониҳои асосии тандурустии ҷамъиятӣ,  баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ барои саломатии худ ва дигарон тавассути тарғиби тарзи ҳаёти солим, татбиқи механизми таъмини бехатарӣ ва қобили қабул будани таъминоти оби нўшокӣ, фаъолияти пурраи соҳаи тандурустӣ ва низоми озмоишгоҳӣ амалӣ карда мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 618
  • 1,242
  • 949,638