Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид, ки дар он муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода ва як қатор рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Нахуст муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозирин ва дар симои онҳо кулли рӯзноманигорони кишварро ба муносибати 110-умин солгарди таъсисёбии аввалин рӯзномаи тоҷикӣ-“Бухорои шариф” самимона шодбош намуд.
Зикр гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ВАО изҳори қаноатмандӣ намуда, омодааст, ки минбаъд низ ҳамкориҳоро дар ин самт идома бидиҳад.
Ба хотири ҳамкории судманд бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор рӯзноманигорон бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.