Рушди механизми самараноки таҳсилоти муттасили тиббӣ

Рушди механизми самараноки таҳсилоти муттасили тиббӣ
Март 15
15:04 2022

Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21.12.2021 бармеояд, барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Дар робита ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки барои таъмин намудани дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда ҷиҳати минбаъд низ ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ дар амалияи тиббии муассисаҳои соҳавӣ чораҳои заруриро амалӣ намояд.

Ҳамчунин, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа тадбирҳои мушаххас андешад.

Бо ин мақсад дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақшаи кории Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” оид ба таҳлили пешравӣ ва мушкилот вобаста ба амалигардонии рушди муттасили касбӣ/таҳсилоти муттасили тиббии мутахассисони тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он  роҳбарияти вазорат, намояндагони идораву вазоратҳои марбута, роҳбарони муассисаҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, ки дар самти такмили ихтисоси кадрҳо фаъолият доранд, инчунин, роҳбарону масъулони муассисаҳои илмиву таълимии  соҳаи тандурустӣ, шарикон оид ба рушд иштирок  намуданд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки зарурати гузаронидани мизи мудаввари мазкур оид ба таҳлили пешравиҳо ва мушкилотҳои амалӣ гардонидани рушди муттасили касбӣ/таҳсилоти муттасили тиббии мутахассисони тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба  татбиқи нақшаи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” ҷиҳати омӯзиши муттасили мутахассисони тибби оилавӣ дар асоси протоколҳои клиникии боздидшуда ба миён омад.

Қайд гардид, ки дурнамои рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ аз ҳолати сатҳи касбӣ ва сифати омодасозии мутахассисони тибби оилавӣ вобастагӣ дорад, ки вориднамоӣ ва рушди механизмҳои самараноки таҳсилоти муттасили тиббӣ ва рушди муттасили касбиро (РМК / ТМТ) дар тибби оилавӣ тақозо менамояд.

Гуфта шуд, ки тахассуснокии баланд ва сатҳи зарурии салоҳиятнокии табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ оилавӣ омили асосӣ барои беҳтаркунии сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба шумор меравад. Соҳаи тандурустӣ ба мутахассисоне талабот дорад, ки дорои савияи дониш, малака ва маҳорати касбии зарурӣ бошанд, то тавонанд амалҳо ва қарорҳои худро аз нигоҳи тибби собиткунанда асоснок  намоянд.

Рушди илм ва таҷрибаи тиббӣ, пайдоиши технологияҳои нави тиббӣ, ҳамагуна зиёдшавии ҳаҷми маълумот зарурияти муттасил баланд бардоштани сатҳи дониши касбии мутахассисони тиббиро ба миён меорад.

Барои расонидани кӯмаки тиббии босифат, ғайр аз таҷҳизоти муосир, технологияҳои нав, захираҳои махсуси тандурустӣ, доштани иқтидори кадрии босифат зарур аст.

Дар мизи мудаввар ҳамоҳангсоз оид ба омӯзиши Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” Дилором Султонова вобаста ба “Нақшаи рушди муттасили касбӣ/таҳсилоти муттасили тиббии мутахассисони тибби оилавӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” маълумоти муфассалро пешниҳоди иштрокчиёни ҷамъомад гардонид.

Инчунин, дар мавзӯи “Тартиби рушди муттасили касбӣ/таҳсилоти муттасили тиббии мутахассисони тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушкилотҳо дар ин самт” Фарида      Худойдодова, муовини директори Муассисаи давлатии  “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” оид корҳои таълимӣ ва табобатӣ маълумот дода, саҳми сазовори марказро дар ин самт зикр намуд.

Таҷрибаи ворид намудани таҳсилоти муттасили тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи  Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи миллии кормандони тибби оилавӣ”  дар баромади Фируза Абдуллоева, ҷонишини роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи миллии кормандони тибби оилавӣ»  ба таври муфассал пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Мушкилот ва камбудиҳо дар самти татбиқи  Тартиби рушди муттасили касбӣ/таҳсилоти муттасили тиббии мутахассисони тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2023» аз ҷониби шарикони рушд ва иштирокчиёни дигари мизи мудаввар  низ баён гардид.

Дар охир Лоиҳаи резолютсияи мизи мудаввар мавриди муҳокима қарор дода шуда, бо назардошти пешниҳод ва фикру андешаҳои ҳозирин  он пазируфта шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,152
  • 1,242
  • 950,172