Кормандони шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ аз такмили ихтисос гузаштанд

Кормандони шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ аз такмили ихтисос гузаштанд
Март 16
13:47 2022

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва таҷрибаи кормандони бахши ҳифзи иҷтимоӣ аз 16 феврал то 16 марти соли равон як қатор кормандони шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи  ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳру навоҳии вилояти Хатлон  аз курси такмили ихтисос гузаштанд.

Маросими ҷамъбастии курси якуми такмили ихтисоси Муассисаи давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо” дар соли 2022 имрӯз дар муассисаи макзур баргузор гардид, ки дар ҷараёни он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, роҳбарияти марказ  ва шунавандагони курси мазкур иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат зимни суханронии хеш доир ба зарурати баргузории курсҳои такмили ихтисос ба кормандони бахшҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳру навоҳии мамлакат ибрози андеша намуда, иброз дошт, ки ин иқдом имкон медиҳад, ки дониш ва таҷрибаи кормандони соҳа баланд бардошта шуда, хизматрасонии бахши ҳифзи иҷтимоӣ низ дар кишвар ҳарчӣ беҳтар гардад.

Қайд гардид, ки бо мақсади санҷиши сатҳи донишҳои кормандони ба курси такмили ихтисос даъватшуда пеш аз оғози курс аз онҳо тести  пешазомӯзӣ гирифта шуд.

Дар охир барои бо муваффақият ба анҷом расонидани курси такмили ихтисос ба  шунавандагон Шаҳодатнома тақдим карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 975
  • 1,242
  • 949,995