Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор гирифт

Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор гирифт
Март 16
18:18 2022

16 марти соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ҷаласаи якуми гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он намояндагони аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ- вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи андоз ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва мутахассисони лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.

Мақсади асоси ҷаласа иҷрои супориши муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2022, №25/3-20(2) ҷиҳати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, дар асоси он тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд.

Вазифаи гурӯҳи кории мазкур мавриди баррасӣ қарор додани ҳалли масъалаҳои вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртави тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Тавре аз тарафи сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шарифов З.А. иттилоъ  дод, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ҳамкории судманд бо шарикон оид ба рушд дар соҳа ислоҳотҳои гуногуни маблағгузории соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №252 “Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022” дар 31 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар 287 муассисаҳои тандурустӣ татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ», дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи табобат дар сохтори беморхонавӣ” дар сатҳи се ноҳия ва дар 16 шаҳру ноҳияҳо татбиқи маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият амалӣ гардида истодааст. Ҳамчунин маблағгузории сарикасӣ дар ҳаммаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2015 таҳти №827 “Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ” татбиқ гардида истодааст.

Дар охир иштироккунандагон ва намояндагони вазорату идораҳои алоқаманд оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” фикру андешаҳои худро пешниҳод намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,152
  • 1,242
  • 950,172