Таҳти чунин унвон 16 марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинги минтақавии сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он ба таври ҳузурӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷафаров, миссияи Бонки ҷаҳонӣ ва ба таври маҷозӣ намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Зимни брифинг ҳолати кунунӣ ва дурнамои пешгирии эҳтимолии паҳншавии пандемия, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти ибтидоӣ дар Осиёи Марказӣ, хосатан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ин самт изҳори ҳавасмандии хешро баён доштанд.
Бояд гуфт, ки дар доираи мавзӯи брифинги мазкур ҳамзамон вохурии миссияи Бонки ҷаҳонӣ бо намояндагони як қатор вазорату идора ва кумитаҳои кишвар низ дар назар аст.