Дар Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара нуқтаи ёрии таъҷилӣ ба истифода дода шуд

Дар Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара  нуқтаи ёрии таъҷилӣ ба истифода дода шуд
Март 19
13:30 2022

18 марти соли равон дар  Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара  нуқтаи ёрии таъҷилӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Зимни ба истифодадиҳии нуқтаи ёрии таъҷилӣ  раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода сухан карда, ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуд.

Ҳамчунин, мавсуф иброз дошт, ки  ҳифзи солимии аҳолӣ аз бахшҳои муҳими афзалиятноки сиёсати иҷтимоии  давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳсуб ёфта, ҳамасола барои рушди ин  соҳа  марҳила ба марҳила иншооти замонавии тиббӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Ҳамзамон, дар нуқтаи навтаъсиси ёрии таъҷилӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат як адад мошини ёрии таъҷилӣ тақдим гардид.

Деҳоти Сурх яке аз минтақаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара маҳсуб ёфта, сохта ба истифода додани чунин нуқтаи ёрии таъҷилӣ дар он муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 973
  • 1,242
  • 949,993