“Кумаки паллиативӣ. Дастовард, мушкилот ва дурнамо”

“Кумаки паллиативӣ. Дастовард, мушкилот ва дурнамо”
Апрел 04
11:38 2022

Дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе тибқи нақшаи кории Ассотсиатсияи миллии Ёрии Паллиативии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии барномаи «Тандурустии ҷамъиятӣ»-и Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон таҳти унвони “Кумаки паллиативӣ: Дастовард, мушкилот ва дурнамо” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Замира Сафиева, намояндаи Ассотсиатсияи миллии Ёрии Паллиативии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Нигора Абидҷонова, директори барномаҳои “Тандурустии ҷамъиятӣ”-и ва “Рушди иқтисодӣ”-и Институти “Ҷамъияти кушода” Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Фирӯза Абдуллоева, роҳбари ташкилоти ҷамъятии “Авесто”,Ниҳолбӣ Ҳасанова, мутахасси шифохонаи парастории ҳамшираҳои шафқат,табибони саратоншинос, асабшинос, табибони оилавӣ ва силшиносон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Замира Сафиева  ҷаласаро ифтитоҳ бахшида иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур  баррасии дастовард, мушкилот ва дурнамои кумаки паллиативӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонва ҷустуҷуи роҳҳои ҳалли он мебошад.

Дар ҷараёни семинар гуфта шуд, кумаки паллиативӣ ёрии фаъолона ва ҳамаҷониба ба беморони дар марҳилаи ниҳоӣ, дар ҳолате ки муолиҷа маҳдуд аст, бо мақсади коҳиш додани ранҷу азияти маризон, расонида мешавад. Сарфи назар аз он, ки рӯзҳои боқимондаи ҳаёти бемор на чандон зиёд аст, вазифаи тибби паллиативӣ бояд усулҳои ҷадидро ҷиҳати беҳтар гардондани ҳолати ҷисмонӣ ва рӯҳии бемор ба кор барад. Дар кишварҳои хориҷӣ  барои дуруст ба роҳ мондани фаъолияти тибби паллиативӣ муассисаҳои махсуси таълимӣ амал мекунанд.

Дар Амрико ҳанӯз аз соли 1997 чунин ташкилот амал намуда, беморон дар мавридҳои зарурӣ аз ёрии саривақтии он баҳраманд мегарданд. Дар Тоҷикистон низ бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ солҳои охир курсҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шуда, дар заминаи он аз ҷониби гурӯҳи омӯзгорони Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустии ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббӣ ва кумаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дастури таълимию клиникӣ барои омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷу омӯзишгоҳҳои тиббӣ ва шунавандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ таълиф гардидааст.

Дар идома иштирокчиён дар мавзуъҳои “Таҳлили натиҷаи татбиқи Лоиҳаи “Рушди кумаки паллиативӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ҳамбастагӣ мо метавонем”, “Нақши тибби оилавӣ дар кӯмаки паллиативӣ”, “Санадҳои меъёрии ҳуқуқии назорати давлатии муомилоти қонунии маводи нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда”,  “Татбиқи кумаки паллиативӣ дар сатҳи таълими баъдидипломӣ”, “Расонидани ёрии палливтивӣ ба кудакони гирифтори бемориҳои саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Кӯмаки паллиативӣ дар амалияи тибби оилавӣ” маъруза намуданд. Ҳамзамон таъкид гардид, киёрии паллиативиро Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ низ ҳамчун кӯмаки ҳамаҷонибаи фаъол барои одамони гирифтори бемориҳои шадид, ки дар марҳалаи авҷёбӣ қарор мегиранд, тафсир кардааст.

Тибқи як таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии  тандурустӣ дар соли 2020, тақрибан аз се як ҳиссаи одамоне, ки ба кумаки паллиативӣ ниёз доранд, беморони саратон мебошанд. Қисми боқимонда шахсони гирифтори бемориҳои пешрафтаи дил, шуш, ҷигар, гурда, мағзи сар ё бемориҳои музмин барои ҳаёт, аз қабили СПИД ва сили ба дору тобовар мебошанд. Ҳар сол беш аз 40 миллион беморон дар охири ҳаёт ба кумаки паллиативӣ ниёз доранд, ки 78 фоизи онҳо дар кишварҳои камдаромад ва миёна зиндагӣ мекунанд.

Дар идомаи мизи мудаввар Озмуни ҷумҳуриявӣ миёни журналистон “Барои беҳтарин  мавод дар мавзӯи кӯмаки паллиативӣ” дар соли 2021 ҷамъаст  ва ғолибон бо Сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳамин тавр, миёни иштирокчиён аз бахши радио ҷойи якум ба Нарзулло Ҷӯраев аз Радиои «Ховар», дар бахши  чопӣ ба Ибодулллои Тоҳир аз рӯзномаи «Минбари Халқ» ва дар бахши маводи дар Интернет нашршуда ба корманди Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Хусрав Шосаидов дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,139
  • 1,242
  • 950,159