Мулоқот бо намояндагони Бюрои минтақавии аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндагони Бюрои минтақавии аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Апрел 12
12:36 2022

11 апрели соли равон бо мақсади гузаронидани баҳодиҳии чораҳои ҷавобӣ нисбати хурӯҷи вируси фалаҷи бо ваксина алоқамандбудаи намуди 2 дар Тоҷикистон ва нигоҳ доштани мавқеи ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода бо намояндагони Бюрои минтақавии аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоҷот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба  гузаронидани баҳодиҳии чораҳои ҷавобӣ нисбати хурӯҷи вируси фалаҷи бо ваксина алоқамандбудаи намуди 2 дар Тоҷикистон ва нигоҳ доштани мавқеи ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ мубодилаи афкор намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки аз 11 то 20 апрели соли 2022 дар муассисаҳои тиббии шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Ҳисор, ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Ҳамадонӣ, Данғара, шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшани вилояти Суғд баҳодиҳии чораҳои ҷавобӣ нисбати хуруҷи вируси фалаҷи бо ваксина алоқамандбудаи намуди 2 гузаронида мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 982
  • 1,242
  • 950,002